Боздошти зани 23-сола ба иттиҳоми дуздии маблағи калон аз бозори Истаравшан

Вазорати умури дохилаи Тоҷикистон аз боздошти зани ҷавон ба иттиҳоими дуздии маблағ аз бозори шаҳри Истаравшан, хабар медиҳад
Sputnik

ДУШАНБЕ, 21 дек — Sputnik. Тибқи иттилои Вазорати умури дохила, дар бораи ҳодисаи дуздӣ ба ШВКД дар шаҳри Истаравшан марди 61-сола муроҷиат кардааст.

Ноболиғ ҳамёни сокини Душанберо, ки дар кӯча бо фарзандаш машғули бозӣ буд, дуздид

Бино ба гузориши ин ниҳод, сокини ҷамоати деҳоти Гули-Сурхи ҳамин шаҳр муроҷиат намудааст, ки рӯзи 17-уми декабри соли 2019, тахминан соати 14:30-дақиқа, шахсони номаълум бо роҳи пинҳонӣ аз болои мизи савдояш, воқеъ дар бозори марказии шаҳри Истаравшан 9 ҳазору 700 сомониро дуздида, аз ҷойи ҳодиса ғайб задаанд.

Пулҳои сокини Восеъ, ки ба бонк бовар накарда дар сандуқ нигоҳ дошт, тӯъмаи дузд шуданд

"Ҳангоми гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ аз ҷониби кормандони милитсия зани 23-солаи сокини шаҳри мазкур бо гумони даст доштан дар содир намудани кирдори дуздӣ, дастгир карда шуд", - омадааст дар хабарнома.

Манбаъ афзуда, ки аз рӯи ин ҳодиса тафтишот идома дорад.