Ҳукумати Суғд ғолибони озмуни рӯзноманигориро эълон кард

 Ғолибони озмуни рӯзноманигорӣ таҳти унвони “16-рӯзи мубориза алайҳи хушунат” дар вилояти Суғд эълон карда шуданд
Sputnik

ДУШАНБЕ, 20 дек — Sputnik. Ин озмун чанде пеш аз ҷониби Раёсати кор бо занон ва оилаи ҳукумати Суғд таҳти унвони 16-рӯзи мубориза алайҳи хушунат” аз рӯи чанд номинатсия дар миёни рӯзноманигорони вилояти Суғд баргузор шуда буд, дирӯз бо баргузории маросиме масъулин натиҷаи онро эълон намуданд.

Раиси Суғд ба рӯзноманигорон аз 4 то 5 ҳазор сомонӣ ҷоиза дод

Озмуни мазкур аз сӯи ходимони соҳаи рӯзноманигорӣ, масъулини сохторҳои ҳукумати Суғд ва созмони Иттифоқи журналистон ҳакамӣ карда шудааст.

Бар асоси хулосаи аъзои ҳакамони Озмун, ғолибон дар номинатсияҳо маълум карда шудаанд: Барои “Беҳтарин мавод дар нашрияи чопӣ”: Ҷои 3-ум Рафоат Муъминова, барои нашри мавод дар нашрияи “Ҳақиқати Суғд” Ҷои 2 -юм Гулҷаҳон Турсунзода, корманди нашрияи “Ҳақиқати Суғд” Ҷои 1-ум Дилдора Зокирова, барои нашри мавод дар нашрияи “Согдийская правда”.

Раисон дар Суғд ба рӯзноманигорон ҳисобот медиҳанд

Ғолибони озмун дар бахши “Беҳтарин барномаи телевизионӣ: Ҷои 3-ум Фирӯза Мирҷумъаева муҳаррири ТВ “Диёр” Ҷои 2-юм Хусрав Улмасов, аз ТВ “Азия” Ҷои 1-ум Муҳаббат Муродова, аз ТВ “СМ-1”.

Қарори раиси Суғд барои таҷлили Рӯзи матбуот ва эълони озмун миёни рӯзноманигорон

Ғолибони озмун дар бахши беҳтарин барномаи радиоӣ: Ҷои 3-ум Назокат Иброҳимов аз радиои “Пайванд” Ҷои 2-ум Таҳмина Мизробӣ, хабарнигори радиои “Диёр” и ноҳияи Ашт. Ҷои 1-ум Каримбой Юлдошев, корманди радиои “Тироз”.

Ғолибони Озмун дар бахши беҳтарин мавод дар расонаи интернетӣ: Ҷои 3-ум насиби Фарзона Муродӣ, хабарнигори ҳафтаномаи “Тоҷикистон” Ҷои 2-юм Шаҳбону Олимова, хабарнигори “Ҳақиқати Суғд” Ҷои 1-ум Қамари Аҳрор, барои нашри мавод дар сомонаи “Sputnik Тоҷикистон”, эълон карда шуданд.

Зайнӯра Оқилзода, муовини раиси вилояти Суғд ба ғолибони озмун ҷоизаҳои таъсисдодаи кумитаи тадорукотро тақдим намуд.