Даҳ беҳтарин варзишкори Тоҷикистон дар соли 2019 муайян шуданд

Ассотсиатсияи журналистони риштаи варзиши Тоҷикистон (АЖРВТ) даҳ варзишгари беҳтаринро дар соли 2019 муайян кард.
Sputnik

ДУШАНБЕ, 20 дек — Sputnik. Дар ин бора раиси Ассотсиатсияи мазкур Нарзулло Латипов хабар дод.

""Вале, мутаассифона, то ҳоло варзишгарони тоҷик ба Бозиҳои тобистонаи олимпии соли 2020 дар Токио роҳхат нагирифтаанд. Инчунин  касе аз Тоҷикистон дар чемпионатҳои ҷаҳон оид ба намудҳои олимпии варзиш миёни калонсолон медал ба даст наовардааст", — гуфт Нарзулло Латипов.

Алорағми баҳси допинг: Дилшод Назаров ҳамоно беҳтарин дар варзиши сабук дониста шуд

Ба иттилои  номбурда, дар  асоси назарсанҷии хабарнигорони варзишӣ ба даҳгонаи беҳтарин инҳо дохил шуданд:

Баҳодур Усмонов (бокс) – барандаи медали тиллои Чемпионати Осиё дар Тайланд дар вазни то 64 кг, соҳиби се медали тилло, як нуқра ва як биринҷии мусобиқоти байналмилалӣ;

Дилшод Назаров (варзиши сабук) – барандаи медали тиллои Чемпионати Осиё оид ба гурзандозӣ дар Қатар;

Комроншоҳи Устопириён (дзюдо) – барандаи медали нуқраи Чемпионати Осиё дар Аморати Муттаҳидаи Араб дар вазни то 90 кг, ҷоизадори биринҷии Гран-при дар Анталия;

Темур Раҳимов (дзюдо) – барандаи медали нуқраи Чемпионати Осиё дар Аморати Муттаҳидаи Араб дар вазни беш аз 100 кг, ҷоизадори биринҷии Гран-при дар Марокаш;

Сомон Маҳмадбеков (дзюдо) – барандаи медали тиллои Чемпионати ҷаҳон миёни ҷавонони то 21-сола дар Марокаш дар вазни то 73 кг, ҷоизадори биринҷии Гранд Слэм дар Осако;

Шаҳриёр Даминов (қаиқронӣ дар байдарка ва каноэ) – барандаи медалҳои нуқра ва биринҷии Чемпионати Осиё дар Чин, дорандаи медалҳои тилло, нуқра ва биринҷии Ҷоми ҷаҳон дар Ҳиндустон;

Беҳрӯзи Хоҷазода (дзюдо) – барандаи медали биринҷии Гранд Слэм дар Екатеринбург ва медали нуқраи Гран-при дар Тошканд дар вазни то 73 кг;

Хушқадам Хусравов (самбо) – барандаи медалҳои биринҷии Чемпионати ҷаҳон дар Кореяи Ҷанубӣ ва Суперҷоми ҷаҳон дар Москва дар вазни то 62 кг;

Далер Ризозода (гӯштини юнонӣ-румӣ) – барандаи медали нуқраи Чемпионати Осиё миёни ҷавонони то 23-сола дар вазни то 72 кг дар Муғулистон ва   медали биринҷии Чемпионати Осиё миёни ҷавонон дар Тайланд;

Сабрина Абророва (шоҳмот) — барандаи медали тиллои Бозиҳои V ҷаҳонии наврасони ҳамватан дар Ханти-Мансийски Россия ва ду медали нуқраи Чемпионати Осиёи Ғарбӣ миёни духтарони то 14-сола дар Ҳиндустон .

«Вале, мутаассифона, то ҳоло варзишгарони тоҷик ба Бозиҳои тобистонаи олимпии соли 2020 дар Токио роҳхат нагирифтаанд. Инчунин  касе аз Тоҷикистон дар чемпионатҳои ҷаҳон оид ба намудҳои олимпии варзиш миёни калонсолон медал ба даст наовардааст», — гуфт Нарзулло Латипов.