Амри Президент барои додани қариб 1 миллион сомонӣ ба 42 варзишгар

Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Тоҷикистон гузориш дод, ки 42 варзишгари беҳтарини сол барандаи Ҷоизаи президентӣ шуданд
Sputnik

ДУШАНБЕ, 20 дек — Sputnik. Тибқи иттилои Кумитаи ҷавонон ва варзиш, Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури Тоҷикистон амр барои эътои ҷоизаи президентӣ ба ғолибон ва ҷоизадорони мусобиқаҳои байналмилалии варзишӣ ва мураббиёни онҳоро 19 декабри соли равон имзо кард.

Даҳ беҳтарин варзишкори Тоҷикистон дар соли 2019 муайян шуданд

“Дар асоси қарори Комиссияи Ҷоизаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон барои ғолибон ва ҷоизадорони мусобиқаҳои байналмилалии варзишӣ дар соли 2019 аз Фонди захиравии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон барои 42 нафар варзишгарони муваффақи кишвар ва мураббиёни онҳо бо маблағи 911 250 сомони маблағи молиявӣ ҷудо карда шудааст”, - омадааст дар иттилоия.

Манбаъ зикр кард, ки ҷоизаи Президенти Тоҷикистон ҳамасола барои варзишгарони муваффақи кишвар аз ҳисоби Фонди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон барои ҳавасманд намудани варзишгарону мураббиёни онҳо тақдим карда мешавад.

Ахиран Ассотсиатсияи рӯзноманигорони риштаи варзиши Тоҷикистон феҳрасти 10 варзишгари беҳтарини солро муаррифӣ карданд. Бар  асоси назарсанҷии хабарнигорони варзишӣ ба даҳгонаи беҳтарин инҳо дохил шуданд:

Бонувони муштзани тоҷик аз Ҷоми ҷаҳон бо медали нуқра ва биринҷӣ баргаштанд

Баҳодур Усмонов (бокс) – барандаи медали тиллои Чемпионати Осиё дар Тайланд дар вазни то 64 кг, соҳиби се медали тилло, як нуқра ва як биринҷии мусобиқоти байналмилалӣ;

Дилшод Назаров (варзиши сабук) – барандаи медали тиллои Чемпионати Осиё оид ба гурзандозӣ дар Қатар;

Комроншоҳи Устопириён (дзюдо) – барандаи медали нуқраи Чемпионати Осиё дар Аморати Муттаҳидаи Араб дар вазни то 90 кг, ҷоизадори биринҷии Гран-при дар Анталия;

Темур Раҳимов (дзюдо) – барандаи медали нуқраи Чемпионати Осиё дар Аморати Муттаҳидаи Араб дар вазни беш аз 100 кг, ҷоизадори биринҷии Гран-при дар Марокаш;

Сомон Маҳмадбеков (дзюдо) – барандаи медали тиллои Чемпионати ҷаҳон миёни ҷавонони то 21-сола дар Марокаш дар вазни то 73 кг, ҷоизадори биринҷии Гранд Слэм дар Осако;

 Медали дуюми Шаҳриёр дар Қаҳрамонии Осиё

Шаҳриёр Даминов (қаиқронӣ дар байдарка ва каноэ) – барандаи медалҳои нуқра ва биринҷии Чемпионати Осиё дар Чин, дорандаи медалҳои тилло, нуқра ва биринҷии Ҷоми ҷаҳон дар Ҳиндустон;

Беҳрӯзи Хоҷазода (дзюдо) – барандаи медали биринҷии Гранд Слэм дар Екатеринбург ва медали нуқраи Гран-при дар Тошканд дар вазни то 73 кг;

Хушқадам Хусравов (самбо) – барандаи медалҳои биринҷии Чемпионати ҷаҳон дар Кореяи Ҷанубӣ ва Суперҷоми ҷаҳон дар Москва дар вазни то 62 кг;

Мавқеи Сомон ва Комроншоҳ дар радабандии ҷаҳонӣ як зина поён шуд

Далер Ризозода (гӯштини юнонӣ-румӣ) – барандаи медали нуқраи Чемпионати Осиё миёни ҷавонони то 23-сола дар вазни то 72 кг дар Муғулистон ва   медали биринҷии Чемпионати Осиё миёни ҷавонон дар Тайланд;

Сабрина Абророва (шоҳмот) — барандаи медали тиллои Бозиҳои V ҷаҳонии наврасони ҳамватан дар Ханти-Мансийски Россия ва ду медали нуқраи Чемпионати Осиёи Ғарбӣ миёни духтарони то 14-сола дар Ҳиндустон.