Ҳавои абрноки бебориш: обу ҳавои имрӯз дар Тоҷикистон

Маркази обуҳавошиносии Тоҷикистон хабар додааст, ки имрӯз дар ҷумҳурӣ ҳавои абрнок дар назар аст.
Sputnik

ДУШАНБЕ, 19 дек — Sputnik. Бино бар иттилои Ожонсии обуҳавошиносии Тоҷикистон, имрӯз дар  шаҳри Душанбе  рӯзона ҳавои абрноки бебориш дар назар аст. Туман мефарояд.  Ҳаво шабона 2+4 ва  рӯзона 8+10 дараҷа гарм мешавад.

Дар шаҳру ноҳияҳои тобеи марказ ҳаво қисман абрнок шуда, рӯзона ҳавои бебориш дар назар аст.  Дар  ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳӣ  борон ва барф борида,  туман мефарояд. Ҳаво  дар водиҳо  шабона 1+6 ва рӯзона 6+11  дараҷа гарм мешавад. Дар  ноҳияҳои кӯҳӣ ҳаво шабона 0-5 дараҷа хунук ва  рӯзона аз 2 дараҷа хунук то 3 дараҷа гарм  мешавад.

Обу ҳаво пас аз барфу боронҳо: дар ҷумҳурӣ ҳавои бебориш дар назар аст

Дар ҳамин ҳол, дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ҳаво абрнок шуда, боридани борон ва барф дар назар аст.  Дар  баъзе ноҳияҳо боришоти шиддатнок пешгӯӣ мешавад. Ҳаво дар ғарби вилоят шабона 6-11 дараҷа хунук ва рӯзона 0+5 дараҷа     гарм мешавад. Дар  шарқи вилоят  ҳаво шабона 20-25 ва рӯзона  7-12 дараҷа хунук мешавад.

Ҳаво дар вилояти Суғд абрнок шуда, дар баъзе ноҳияҳо борон меборад. Дар  ноҳияҳои алоҳида туман мефарояд. Ҳаво дар водиҳо шабона аз 1 дараҷа хунук то 4 дараҷа гарм ва рӯзона 3+8 дараҷа гарм мешавад. Дар ноҳияҳои кӯҳӣ ҳаво шабона 5-10 дараҷа хунук  ва   рӯзона   аз 2 дараҷа хунук то 3 дараҷа гарм мешавад.

Дар вилояти Хатлон  ҳавои абрнок  шуда, туман  мефарояд. Ҳаво дар водиҳо шабона аз 1 дараҷа хунук то 4 дараҷа гарм   ва рӯзона 8+13 дараҷа гарм мешавад. Дар  доманакӯҳҳо ҳаво шабона аз 2 дараҷа  хунук то 3 дараҷа гарм  ва рӯзона 5+10 дараҷа гарм мешавад.