Шумори дастаҳои футбол дар Лигаи олии Тоҷикистон зиёд карда мешавад

Кумитаи иҷроияи Федератсияи футболи Тоҷикистон зимни ҷаласаи ҷамъбастӣ аз 8 то 10 адад зиёд кардани дастаҳоро дар Лигаи олӣ иҷозат дод
Sputnik

ДУШАНБЕ, 19 дек — Sputnik. Бино бар иттилои Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон, ба 7 дастаи Лигаи олии кишвар се дастаи Лигаи якум ҳамроҳ мешаванд.

Ифтитоҳи осорхонаи таърихи варзиши тоҷик дар манзили зисти шореҳи шинохтаи кишвар

Дастаи  “Панҷшер”, ки дар мавсими имсола ҷои охирро ишғол кард, ба Лигаи якум гузашта, чор дастаи дигар: “Локомотив-Помир”, “Файзканд”, “Душанбе-83” ва “Парвоз” имкони дар Лигаи олӣ бозӣ кардан доранд.

“Вале танҳо  3 дастае роҳхат мегиранд, ки шарту шароити литсензионии Лигаи футболи Тоҷикистон ва Конфедератсияи футболи Осиёро иҷро мекунанд”,- таъкид доштааст Кумитаи олимпии Тоҷикистон.

Чемпионати Тоҷикистон дар мавсими 2020 охири моҳи март шурӯъ шуда, дар се марҳила доир мегардад. Ҳар даста 27 бозӣ анҷом медиҳад.

Бино ба қарори қабулнамудаи  Кумитаи иҷроияи Федератсияи футболи Тоҷикистон, дар мавсими соли ояндаи Лигаи олӣ дастаҳое, ки ҷойҳои нуҳум ва даҳумро ишғол мекунанд, дар мавсими соли 2021 ба Лигаи аввал мегузаранд.

Барандагони медалҳои тилло ва нуқраи Лигаи аввал дар мавсими соли 2020 ҳаққи иштирок дар Лигаи олиро дар мавсими соли 2021 пайдо мекунанд.