Раҳмон барои мулоқоти ғайрирасмӣ ба Русия рафт

Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури Тоҷикистон имрӯз барои мулоқоти ғайрирасмӣ озими шаҳри Санкт-Петербурги Федератсияи Русия шуд
Sputnik

ДУШАНБЕ, 19 дек — Sputnik. Дар доираи ин сафар мулоқоти Эмомалӣ Раҳмон бо ҳамтои русиягияш Владимир Путин ва роҳбарони кишварҳои дигари ҳамсуд дар назар аст.

Путин ҷонибдорӣ кард: Русия ба муҳоҷирони кишварҳои узви ИИУО нафақа медиҳад

Тибқи иттилои дафтари  матбуоти раисиҷумҳури Тоҷикистон, Эмомалӣ Раҳмон ба Санкт-Петербург барои иштирок дар вохӯрии ғайрирасмии сарони давлатҳои иштирокчии Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил рафт.

Дар фурудгоҳи байналмилалии Душанбе Эмомалӣ Раҳмонро, Маҳмадсаид Убайдуллоев, раиси Маҷлиси миллӣ,  Шукурҷон Зуҳуров, раиси Маҷлиси намояндагон, Қоҳир Расулзода, сарвазири Тоҷикистон ва  Озода Раҳмон, роҳбари Дастгоҳи иҷроияи раисиҷумҳури Тоҷикистон ва дигар шахсони расмӣ гусел намуданд.

Котиботи раисиҷумҳур афзуд, ки Эмомалӣ Раҳмонро дар ин сафар ёрдамчии раисиҷумҳури Тоҷикистон оид ба масъалаҳои робитаҳои хориҷӣ ва дигар шахсони расмӣ ҳамроҳӣ мекунанд.