Намояндаи Толибон ҳар гуна тавофуқ ва оташбас бо Амрико дар музокироти ахирро рад кард

Сухангӯи Толибон ҳар гуна тавофуқ ва оташбас бо Амрико дар музокироти ахирро рад ва бар хуруҷи комили нерӯҳои амрикоӣ аз Афғонистон таъкид кард
Sputnik

ДУШАНБЕ, 18 дек — Sputnik.  Забеҳуллоҳи Муҷоҳид, сухангӯи ҷунбиши “Толибон” (мамнӯъ дар қаламрави Русия)  гуфт, то кунун сӯҳбате дар мавриди тавофуқ ва ё оташбас сурат нагирифта ва музокирот феълан мутаваққиф аст ва сӯҳбатҳои матраҳшуда мабнӣ бар ин ки дар музокирот тавофуқ сурат гирифта, сиҳат надорад, иттилоъ ддодааст хабаргузории “Форс”.

Музокироти сулҳи Толибон бо Амрико дар Қатар оғоз ёфт

Ахиран Зулмай Халилзод, намояндаи вижаи Амрико дар умури сулҳи Афғонистон гуфта буд Амрико ба Толибон пешниҳоди оташбас пешниҳод карда ва ҳоло мунтазири ҷавоб аз сӯи Толибон ҳастем.

 “Мо бо Толибон дар мавриди оташбас ва коҳиши хушунат баҳс мекунем, пешниҳоди оташбас ба онҳо дода шуда ва мунтазири ҷавоб аз сӯи Толибон ҳастем” -  таъкид намудааст вай.

Аммо Забеҳуллоҳи Муҷоҳид дар вокуниш ба ин суханони Зулмай Халилзод гуфт, феълан музокирот мутаваққиф аст ва ҳеҷ гуна сӯҳбате дар мавриди оташбас ва тавофуқ сурат нагирифтааст ва баҳс дар ин маврид ба идомаи музокирот, ки қарор аст ба зудӣ аз сар гирифта шавад, бастагӣ дорад.

Чаро сулҳи Амрико ва Толибон ба таъхир афтод? Шарҳи Солеҳ Муҳаммади Регистонӣ

Сухангӯи Толибон таъкид кард, ки ҳеҷ гуна сӯҳбате мабнӣ бар оташбас ва тавофуқ воқеият надорад ва ӯ ҳеҷ гуна баҳс рӯйи оташбас ва тавофуқро таъйид намекунад.

Вай афзуд, оташбас пас аз поёни ишғоли Афғонистон имконпазир аст ва баъд аз хуруҷи комили нерӯҳои амрикоӣ аз Афғонистон, афғонҳо байни худ гуфтугӯ хоҳанд кард ва мумкин аст дар ин маврид тасмимгирӣ шавад.

Вай дар мавриди изҳороти давлати Афғонистон мабнӣ бар тавофуқи ин кишвар бо Амрико мабнӣ бар хуруҷи 4 ҳазор нерӯҳои амрикоӣ аз Афғонистон гуфт, ихроҷи нерӯҳои амрикоӣ аз Афғонистон зарурӣ аст ва бояд ҳамаи амрикоиҳо аз Афғонистон хориҷ шаванд, зеро ҳузури онҳо боиси идомаи ҷанг дар кишвари мо шудааст.

Муҷоҳид хотирнишон сохт, мушкили Афғонистон замоне ҳал мешавад, ки ҳамаи нерӯҳои хориҷӣ аз Афғонистон хориҷ шаванд.