Кушта шудани ду “омӯзгор” - и тоҷики Толибон дар Кундуз

 Вазорати дифоъи Ҷумҳурии Афғонистон аз кушта шудани ду шаҳрванди Тоҷикистон дар вилояти Кундуз хабар дод
Sputnik

ДУШАНБЕ, 18 дек — Sputnik. Ҳоди Ҷамол, сухангӯи нерӯҳои хоси 217 – и “Помир” – и вазорати дифоъи Афғонистон ба Sputnik Тоҷикистон гуфт, шаби 17 декабр дар пайи як амалиёт дар минтақаи Хотунқалъаи вулусволии Имом Соҳиби вилояти Кундуз 10 узви ҳаракати Толибон кушта шуданд.

“Ин амалиёти шабона бо ҳимояи нерӯҳои ҳавоии вазорати дифоъи Афғонистон иҷро гардид, ки 10 узви ҳаракати Толибон, ба шумули ду омӯзгори тоҷикистонӣ ва ду омӯзгори покистонӣ, ки масруфи омӯзиши Толибон будаанд, ба ҳалокат расиданд”, - гуфт сухангӯи нерӯҳои хоси 217 – и “Помир” – и вазорати дифоъи Афғонистон.

Вай афзуд, ҳуввияти шаҳрвандони Тоҷикистон мушаххас нашудааст, аммо маълум шудааст, ки онҳо ба ҷангиёни Толибон сохтан, ҳидоят кардан ва гузоштани минаҳо дар маҳаллҳои ҳадафро омӯзиш медоданд.

Ҳалокати 9 низоми Афғонистон аз дасти Толибон

Ба қавли ӯ, покистониҳои кушташуда бо омӯзиши ҷанговарони тозанафаси Толибон ба тактикаҳои ҷангӣ машғул будаанд.

" “Омӯзгорон” – и хориҷии Толибон дар хориҷ аз қаламрави Афғонистон аз сӯи истихбороти кишварҳои минтақа омӯзиш дида, ба саҳнаҳои ҷанг дар шимоли Афғонистон ба манзури кӯмак ба Толибон партоб шудаанд”, - гуфт Ҳодӣ Ҷамол.

Толибон манотиқи Шуғнони Афғонистонро муҳосира карданд

Қундуз вилоятест, ки аз шимол пурра бо вилояти Хатлони Тоҷикистон ҳаммарз аст ва тибқи иттилои мақомоти Афғонистон, қисмати бузурги он таҳти тасарруфи Толибон аст.

Дар сафи Толибон ҷангиёни хориҷӣ, аз ҷумла аъзои созмонҳои “Ҷундуллоҳ”, “Ҷамоати Ансоруллоҳ”, Ҳаракати исломии Туркистони Шарқӣ, Ҳаракати исломии Ӯзбекистон ва “Созмони ҷиҳоди исломӣ”, ки аслан аз зодагони кишварҳои Осиёи Марказӣ, Чин ва Русия таркиб ёфтаанд, низ меҷанганд.

Вазъ дар шимоли Афғонистон шадид мешавад: Дӯстум бар зидди Толибон ҷанг эълон кард

Сухангӯи нерӯҳои хоси 217 – и “Помир” гуфт, то ба ҳол аз ҳузури ҷангиёни гурӯҳи ба ном “Давлати исломӣ” ё ДОИШ иттилое дар дасти мақомоти амниятии Афғонистон нест. Қитъаи хоси 217 – и “Помир” – и вазорати дифоъи Афғонистон масъулияти ҷанг бо мухолифини мусаллаҳи давлат дар вилоятҳои минтақаи Шимолу Шарқӣ – вилоятҳои Кундуз, Тахор, Бадахшон ва Бағлонро ба зимма дорад.