Садамаи маргбор дар Ёвон: ронандаи “ГАЗ-53” ба чуқурии 700 метр чаппа шуд

Мошини газкаш дар роҳи Душанбе-Чаноқ ба дарё сарозер шуд
Бар асари чаппа шудани мошин ба чуқурии 700 метр дар ҳудуди ноҳияи Ёвон сокини ноҳияи Рӯдакӣ ба ҳалокат расид
Sputnik

ДУШАНБЕ, 17 дек — Sputnik. Вазорати умури дохили Тоҷикистон аз ҳодисаи нохуш дар роҳ хабар медиҳад.

Навори ду садамаи маргбори нақлиётӣ дар роҳҳои Душанбе
ВУД навори ду садамаи маргбори нақлиётиро нашр намуд

Бино ба гузориши ин ниҳод, роннадаи мошини “ГАЗ-53” дар паи афтодан ба чуқурӣ мошинро чаппа карда дар натиҷа ҷон бохтааст.

Садамаи маргбор дар роҳи “Душанбе-Хуҷанд-Чанок”

Тибқи иттилои ВКД, ҳодиса рӯзи 16-уми декабри соли 2019, тахминан соати 07:00 ба вуқӯъ пайвастааст.

Манбаъ афзуда, ки ронандаи автомашинаи тамғаи “ГАЗ-53”, Каримов Эмин Юнусович, соли таваллудаш 1965, сокини деҳаи Гулзори ноҳияи Рӯдакӣ, ҳангоми ҳаракат дар заминҳои деҳаи Эшонободи ноҳияи Ёвон аз уҳдаи идораи воситаи нақлиёт набаромада, ба чуқурии зиёда аз 700-метр чаппа шудааст.

"Дар натиҷа, ронанда Каримов Э.Ю. ҷароҳати вазнини ҷисмонӣ бардошта, дар ҷойи ҳодиса ба ҳалокат расидааст", - омадааст дар хабарнома.

Вазорати корҳои дохилӣ мегӯяд, аз рӯи ин ҳодиса таҳқиқ идома дорад.