"Ману дарё": ёде аз Хурмо Ширинова дар солгарди зодрӯзаш

Хурмо Ширинова овозхони марҳуми тоҷик дар водии Бартанги Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ба дунё омадааст
Sputnik

Рӯзи 17 декабр, барои аксарият бо зодрӯзи Хурмо Ширинова ба ёд меояд.

Гулрухсор Сафиева 72 сола шуд

Хурмо Ширинова, духтаре аз рустои дурдасти Бадахшон танҳо бо такя ба овози худодод ва ҳунари хонандагияш тавонист ба яке аз баландтарин қуллаҳои шӯҳрат расад ва дар авҷи камолоти ин ҳунар ҷаҳонро тарк кунад.

Ёде аз Муборакшо Мирзошоев дар солгарди даргузашташ

Хурмо на танҳо дастаи машҳури "Гулшан"-ро ба ёди мо меорад ва даҳҳо ҳамовардашро, ба монанди Орифшо Орифов, Муқаддас Набинва, Тоҷиддин Муҳиддинов, Умар Зиёев, Баҳодур Неъматов, Махфират Ҳамроқулова, Раҳима Шалоэр, балки дастаи рақси "Зебо", ансамбли "Лола"-и Ғаффор Валаматзода, бурузи наққошоне чун Сабзалӣ Шариф, Комил Ёдгор ва Сӯҳроб Қурбонов, шеъри Лоиқу Бозор ва даҳҳо комёбии дигарро дар хотирҳо зинда мекунад.

Хурмо Ширинова дар тӯли умри кӯтоҳаш тавонист, ба қуллаҳои баландтарини санъат бирасад.

Ӯро мардум бо сурудҳои "Ману дарё", "Дидам нигори худро", "Ба нозе, ки Лайло", "Ширин ту зинда бошӣ", "Гулро чида чида меравӣ ту" ва "Мастум мастуме" мешиносанд.

Матни суруди "Ману дарё" ба қалами шоири шаҳири тоҷик Лоиқ Шералӣ тааллуқ дорад.