Дар шаҳри Хоруғ бинои замонавии Коллеҷи тиббӣ ифтитоҳ шуд

Шодихон Ҷамшед гуфт, то таҷлили 30-солагии истиқлол дар вилоят ва шаҳри Хоруғ дар баробари ин боргоҳи илму маърифат боз чандин биноҳои дигар қомат хоҳанд афрохт
Sputnik

ДУШАНБЕ, 16 дек — Sputnik. Бахшида ба ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон имрӯз дар шаҳри Хоруғ бинои замонавии Муассисаи давлатии таълимии "Коллеҷи тиббӣ" мавриди истифода қарор дода шуд.

Навсозии лӯлаи обу ташноб дар Хоруғ баъди 60 сол

Зимни ифтитоҳи бинои мазкур раиси Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон Ëдгор Файзов, муовини вазири тандурустӣ Шодихон Ҷамшед ва раиси шаҳри Хоруғ Кишвар Шамирӣ ширкат намуданд. 

Дар ин бора аз маркази матбуоти дастгоҳи Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Хоруғ хабар медиҳад.

Ба иттилои манбаъ, раиси вилоят Ëдгор Файзов тамоми кормандон ва шогирдони ин боргоҳро табрик гуфта, барои ғамхориҳои пайваста нисбат ба мардуми Бадахшон ва мавриди истифода  қарор додани чунин иншооти хуштарҳу замонавӣ дар шаҳри Хоруғ ба Президент Эмомалӣ Раҳмон  изҳори сипос намудааст.

Шодихон Ҷамшед  иброз намуд, ки то таҷлили ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатӣ дар вилоят ва шаҳри Хоруғ дар баробари ин боргоҳи илму маърифат боз чандин биноҳои дигар қомат афрохта, симои шаҳри Хоруғ ва вилоят куллан тағйир хоҳад ëфт.