Фарзонаи Хуршед дар озмуни "Зебосанам - 2019" - видео

Нашри навбатии озмуни "Зебосанам - 2019" бо ҳунарнамоии сарояндаи машҳури тоҷик Фарзонаи Хуршед оғоз шуд
Sputnik

Фарзонаи Хуршед дар ин озмун суруди нави худ "Холаи азза мазза"-ро пешкаши мухлисон кард.

Марҳилаи дуюми "Зебосанам - 2019"

Дар шаҳри Душанбе марҳилаи дуюми озмуни ҷумҳуриявии "Зебосанам - 2019" оғоз шуд.

Фарзона бо оши палав ва ширинӣ дили доварони "Зебосанам - 2019" - ро "ёфт" - видео

Аз даври аввали озмун, ки дар вилояти Суғд, Хатлон, ВМКБ, ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ ва шаҳри Душанбе баргузор шуд, ҳамагӣ 70 гулдухтар ба даври дуюм роҳхат гирифтанд.

Акнун ҳар барномае, ҳафт нафарӣ ҳунару маҳорати худро пешкаши доварон мекунанд ва танҳо ду кас аз як барнома, бо гирифтани бештарин танга, ба даври ниҳоӣ роҳхат мегирад.

Ба ҳунару зебогии духтарон дар марҳилаи дуюми озмун чаҳор довар - корманди соҳаи телевизион ва радио Дилхоҳи Нозиршоҳ, овозхон Фахриддини Малик, ҳунарпеша Моҳпайкар Ёрова ва коргардон Соро Музофиршоева баҳогузорӣ карданд.

Доваронро ҳунару ҷасорати ҳамаи духтарон дар ҳайрат гузошт, вале танҳо  ду зебосанам намояндаи шҳари Душанбе Нӯшофарини Акобир бо 31 хол ва Мафтуна Аҳрорзода намояндаи шаҳри Панҷакент бо 30 хол ба даври ниҳоии озмун роҳхат гирифтанд.