Пайи динозавр ва саворӣ дар қутос: муаррифии хатсайрҳои нави сайёҳӣ дар Душанбе

Сабади маҳсулоти сайёҳии Тоҷикистон бояд аз рӯи намудҳои сайёҳии экологӣ, табобатию солимгардонӣ, таърихию фарҳангӣ, кӯҳнавардӣ ва шикор ташаккул дода шавад
Sputnik

ДУШАНБЕ, 16 дек — Sputnik. Имрӯз дар шаҳри Душанбе бо ташаббуси Кумитаи рушди сайёҳӣ имкониятҳои хизматрасонии сайёҳӣ ва хатсайрҳои нави туристӣ зимни як ҳамоиш бо иштироки роҳбарони ширкатҳои сайёҳӣ ва намояндагони бахшҳои марбута дар маҳал баргузор гардид.

Дар ин бора Кумитаи рушди сайёҳӣ хабар медиҳад.

“Шӯриши Восеъ” хатсайри нави сайёҳӣ дар Тоҷикистон

Раиси Кумитаи рушди сайёҳӣ Нуъмон Абдуғаффорзода дар оғози ҳамоиш гуфтааст, ки бо мақсади муаррифии имкониятҳои сайёҳии мамлакат ва пешниҳоди маҳсулоти ҷолиби сайёҳӣ ба шаҳрвандони хориҷӣ маводи нави таблиғотӣ, аз ҷумла "Даҳ ганҷинаи Тоҷикистон" бо се забон, варианти электронии "Даҳ сабаби сафар ба Тоҷикистон" бо ду забон пешниҳоди ҳозирин шуд.

Ҳамчунин дар ин ҳамоиш наворҳои видеоии нав, аз ҷумла оид ба имкониятҳои сайёҳии якчанд шаҳру ноҳияҳо сайёҳии табобатию солимгардонӣ, гиёҳҳои шифобахш, хатсайри сайёҳии Данғара-Пушинг, корномаи Восеъ, ҳафт хатсайри сайёҳӣ ба ноҳияҳои Балҷувону Ховалинг, Шамсиддини Шоҳин, шаҳрҳои Нораку Роғун, водии Рашт дар маҷмуъ беш аз 40 хатсайрҳои нави сайёҳӣ омода ва роҳандозӣ карда шуданд.

"Рўйхати васеи маҳсулоти сайёҳиро тартиб додан мумкин аст, аммо барои мусоидат ба пешбурди интихоби истеъмолӣ дар қадами аввал муайян намудани якчанд категорияҳои нисбатан содаи маҳсулоти сайёҳӣ беҳтар аст. Дар навбати аввал, ин категорияҳо бояд он маҳсулоти сайёҳиро, ки дар мамлакат бештар рушд ёфтаанд ва маблағгузориҳои нав ва зиёд талаб намекунанд, фаро гиранд. Ҳар як категория хусусиятҳои ба худ хос ва инкишоф дорад", - гуфтааст Абдуғаффорзода.

Ӯ афзудааст, ки ҷолибнокии ин маҳсулоти сайёҳӣ метавонад тавассути мукаммалгардонии он ва пешниҳоди он ба миқдори зиёди муштариён баланд бардошта шавад.

Пайи динозаврҳо дар шаҳри Турсунзода: хатсайри нави сайёҳӣ

Аслан сабади маҳсулоти сайёҳии Тоҷикистон бояд аз рӯи намудҳои сайёҳии экологӣ, табобатию солимгардонӣ, таърихию фарҳангӣ, кӯҳнавардӣ ва шикор ташаккул дода шавад.

Ифтитоҳи хатсайри Ашт-Қуқанд-аксу видео

Ҳамчунин доир ба мавзуъҳои мавриди таваҷҷуҳ роҳбарони як зумра ширкатҳои сайёҳӣ ибрози андеша намуданд ва миёни иштирокчиён табодули афкор сурат гирифт.

Дар Тоҷикистон гардишгаронро "пахтачинӣ" мебаранд: хатсайри нави сайёҳӣ

Ёдрас мешавем, ки чанде пеш шаҳри Турсунзода хатсайри нави сайёҳиро таъсис доданд, ки хатсайри пиёдагардони "Баҳори Истиқлол" асосан мавзеи сайёҳии дараи "Қаратоғ", "Кӯли Париён", "Темурдара" ва мавзеи Ширкентро дарбар мегирад, ки онҷо пайи динозаврҳо мавҷуд аст.

Ҳамчунин дар ноҳияи дурдасти ВМКБ Мурғоб хатсайри нави гардишгарӣ - саворӣ дар қутос ифтитоҳ шуд.