БМТ ба муҳоҷирон: маблағҳои ирсолкарда тавассути низоми “Золотая корона”-ро бозпас гиред

Бонки миллии Тоҷикистон ба муҳоҷирони меҳнатӣ дар хориҷ аз кишвар тавсия додааст, ки бино бар фаъолият накардани низоми пардохтии “Золотая корона” дар ҷумҳурӣ маблағҳои ирсолкардаи худ тавассути ин низомро бозпас гиранд
Sputnik

ДУШАНБЕ, 16 дек — Sputnik. Масъулини Бонки миллии Тоҷикистон эълон намуданд, ки низоми пардохтии “Золотая корона” то имрӯз ба “Маркази миллии протсесcингии интиқоли маблағҳо” (ММПИМ) пайваст нашудаааст ва ва интиқоли маблағ тавассути ин низом дар ҳудуди ҷумҳурӣ ғайриимкон аст.

Бонки миллӣ: рӯзи кории марказҳои хизматрасонии бонкӣ тамдид шуд

Бонки миллӣ қайд намудааст, ки бо назардошти он, ки аз санаи 3 декабри соли равон Маркази миллии протсесcингӣ ба фаъолият оғоз намуд ва низоми пардохтии “Золотая корона” ба маркази мазкур пайваст нагардид, айни замон интиқоли маблағ тавассути низоми пардохтии “Золотая корона” дар ҳудуди Тоҷикистон ғайриимкон мебошад.

Бонки миллӣ хабари манъи интиқоли пул аз Русия ба Тоҷикистонро рад кард

“Бинобар ин, ба диққати шаҳрвандон расонида мешавад, ки маблағҳои қаблан аз хориҷи кишвар тавассути “Золотая корона” ирсолкардаашонро бозхонд намуда (возврат), онро тавассути низомҳои пардохтии Контакт, Юнистрим ва ё кортҳои бонкӣ ирсол намоянд”, - таъкид намудааст БМТ.

Ҳамзамон Бонки миллӣ зикр кардааст, ки дар ҳолати ба мушкилиҳо рӯ ба рӯ шудан, зимни бозпас гардонидани маблағҳо дар хориҷи кишвар, шаҳрвандон метавонанд ба намояндаи низоми пардохтии “Золотая корона” дар Тоҷикистон бо рақамҳои +992 90 888 80 80 занг зананд ва ё бевосита ба низоми пардохтии “Золотая корона” бо рақами +7 (495) 96 00 555 (шабонарӯзӣ) муроҷиат намоянд.

Эълони Бонки миллӣ дар бораи интиқоли маблағ тавассути "Юнистрим" ва "Контакт"

Бонки миллӣ мушкилот дар интиқоли маблағҳо дар Тоҷикистонро шарҳ дод

Масъулини Бонк афзуданд, ки дар сурати ҳал нагардидани муроҷиати шаҳрвандон ва ё бозпас нагардонидани маблағҳои интиқолшуда, шаҳрвандон метавонанд ба Идораи ҳимояи ҳуқуқҳои истеъмолкунандагони хизматрасониҳои молиявии Бонки миллии Тоҷикистон ба таври фаврӣ муроҷиат намоянд.

Ёдрас мешавем, ки шурӯъ аз 3 декабри соли равон Маркази миллии пардозиш (протсессинг) минҳайси танзимгари миллии интиқоли пардохтҳои пулӣ аз сӯи Бонки миллии Тоҷикистон ба кор шурӯъ кард, ки мӯҷиби овозаву сарусадоҳо ва нигарониву сарсониҳои зиёди муштариёни бонкҳои кишвар шуд.