Бозгашти Абдурозиқ ба зодгоҳаш Панҷакент баъди “инқилоб” дар Ютуб

Абдурозиқ наврасе, ки се моҳи пеш аз сӯи гурӯҳи Барон, гурӯҳи репасарои машҳури тоҷик ба Душанбе оварда шуда буд, баъди гузоштани рекорд ва ё “инқилоб” дар шабакаи Ютуб ба аёдати волидонаш ба Панҷакент баргаштааст
Sputnik

ДУШАНБЕ, 14 дек — Sputnik. Суруду намоҳангҳое, ки тӯли ин муддат Абдурозиқ ҳамроҳи Барон репсарои муваффақ нашр намуданд, марзи милионҳо бинандаро убур карда дар миёни сурудаҳои тоҷикӣ дар шабакаи Ютуб, рекорд ва ё аз ҳама пуртамошобинтаринҳо дониста шудаанд.

Шабакаи Avlod Media дар Ютуб видеои бозгашти Абдурозиқ ба назди волидонаш ба Ғиждарваро нашр кардааст.

Дар ин навор, ки санаи 11-уми декабр ба нашр расидааст, дида мешавад, ки Абдурозиқро, Барон бо мошинаш ҳамроҳи чанд тан аз аъзоёни гурӯҳаш ба деҳаи Ғиждарваи Панҷакент мерасонанд.

Абдурозиқро дар наздикии бозори марказии Панҷакент падар ва амакаш истиқбол гирифта, баъдан ҳамроҳ бо гурӯҳи ҳунариаш ба Ғиждарва мераванд.

Маро тоқа намон: нашри суруду намоҳанги нави Абдурозиқ-видео

Абдурозиқ аз дидани аъзои хонаводааш хеле шод шуда, исрор мекунанд, ки дар Душанбе хеле онҳоро ёд кардааст. Вақте Абдурозиқ ба харидани бозичаҳо ба бозор медарояд, Барон аз ӯ шӯхиомез мепурсад, ки инҳоро чи кор мекунад оё барои худаш мехарад? Абдурозиқ зуд ҷавоб мегуяд, ки ҳоло худаш дигар одами калон аст ва ин бозичаҳоро барои кӯдакони амаконаш армуғон мебарад.

Бо дидани Абдурозиқ дар бозор ин бор аксари фурӯшандаҳо дар ҳайрат монда, дигар ба ӯ на ҳамчун кӯдак, балки як одами ҷиддӣ ва як ҳунарманди хушсадои машҳур ҳолпурсӣ мекунанд.

Баъди расидан ба Панҷакент Абдурозиқ, Борон ва дигар ҳамкоронашро ба тамошои табиати зодгоҳаш мебарад. Онҳо аз ҷумла аз дарёи Шинг дидан мекунанд.

“Ин дарёи Шинг аст, ки моҳиҳои зебо дорад. Мардум гоҳ гоҳ аз ин ҷо моҳӣ медоранд” нақл мекунад Абдуроззиқ.

Абдурозиқ ҳоло сокини 16 солаи шаҳри Панҷакент аст, вале сабаби қадпастии ӯро волидонаш ба бемории рахит рабт медиҳанд, ки аз овони хурдсолӣ дучори он шудаву онҳо он замон имкони табобаташро надоштанд.

Муъҷиза: Чоршанбе Аловатов бо суруди Далер Назаров доваронро шигифтзада кард - видео

Вале бо ин вуҷуд Абдуроззиқ як наврасе, ки ақлу хотираи қавӣ дорад ва суҳбатҳояш хеле ширин аст. Ҳатто ҳозирҷавобу чаққон аст.

Ӯ сурудхониро хеле дӯст медорад. Бо дарки ин ҳама вижагиҳо Барон, ӯро ба ҳамкорӣ хост ва худаш сарпарастии ӯро ба зимма гирифта ба Ғиждарва омаду Абдурозиқро ба Душанбе бурд Барон ва Абдурозиқ ҳамроҳ чанд суруд сапт кардаанд.

Нахуст суруди “Ватан - Модар” , ки нашри он ҳанӯз дар рӯзҳои аввал марзи як милион тамошобинро дар Ютуб гузашт. Бо гузашти қариб се моҳ аз нашри ин намоҳанг шумори тамошобинонаш ба 2, 3 милион баробар шудааст ва ҳамчунин даҳҳо ҳазор нафари дигар инро мавриди писанди худ донистаанд.

Қадрдонии Ҳукумати Тоҷикистон аз Меҳрона Ғайбуллоева ва Чоршанбе Аловатов

Ё худ суруди “Оҳанги дили зор” и Абдурозиқро то ин муддат 2, 7 милион нафар тамошо кардаанд, ки ба қавле “инқилоб” дар ҷодаи сарояндагӣ дар Ютуб гуфта мешавад. Ҳатто нашри навори бозгашти Абдурозиқ ба Панҷакентро зарфи ду рӯз дар Ютуб бештар аз 291 ҳазор нафар тамошо карда, 21 ҳазори дигар мақбул дониста ва даҳҳо корбари дигар ба маҳорати сурудхонии Абдурозиқ ибрози назар намудаанд, ки далели таваҷҷӯҳи зиёди мардум ба ҳунару маҳорати сурудхонии ӯ мебошад.

Ҳамкории Барон бо Абдурозиқ барои минбаъд ҳам идома хоҳад ёфт.