Тағйироти кадрӣ: Фаттоҳзода аз мақомаш барканор шуд

Дар ҷаласаи Ҳизби халқии демократии Тоҷикистон муовини аввали раиси ҲХДТ Саидмурод Фаттоҳзода аз вазифа сабукдӯш гардид
Sputnik

ДУШАНБЕ, 13 дек — Sputnik. Дар анҷумани Ҳизби халқии демократии Тоҷикистон (ҲХДТ) Абдуҷаббор Азизӣ, ки муовини аввали раиси Маҷлиси намояндагон буд, муовини аввали раиси ҳизби ҳоким интихоб шуд, хабар медиҳад сомонаи Tajikistantimes.com.

Омодагӣ ба интихоботи парлумонӣ ва супориши Аҳмадзода ба мақомоти вилояти Суғд
Бар хабари манбаъ, дар ин анҷуман, ки имрӯз дар маҷмаи “Кохи Борбад”-и шаҳри Душанбе баргузор гардид, Саидмурод Фаттоҳзода аз мақоми муовини аввали раиси ҲХДТ сабукдӯш гардид.

манбаъ меафзояд, Саидмурод Фаттоҳзода ба феҳристи ҳизбӣ барои интихоботи порлумонӣ дар соли оянда ворид гардидааст.

Санҷиши дониш: номзадҳо ба интихоботи парлумонӣ аз забони давлатӣ имтиҳон месупоранд

Ҳамчунин, дар ин ҳамоиш Раъно Бобоҷониён аз вазифаи муовини раиси Ҳизби халқии демократии Тоҷикистон барканор ва ба ҷойи ӯ Хайринисо Юсуфӣ интихоб шудааст.

Дар кори анҷумани ҲХДТ беш аз 2 ҳазор нафар вакилон аз тамоми минтақаҳои Тоҷикистон иштирок доштанд.

Дар Душанбе дар рӯзи интихоботи парлумонӣ 70 адад ҳавзаҳои интихоботӣ таъсис дода мешавад

Маврид ба зикр аст, ки Абдуҷаббор Азизӣ аз соли 2001 то 2014 дар вазифаи Мушовири давлатии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба сиёсати кадрҳо фаъолият намудааст.
Бо Фармони Эмомалӣ Раҳмон аз 22 январи соли 2014  ёрдамчии раисҷумҳури  Тоҷикистон оид ба масъалаҳои кадрҳо таъин гардид.

Фаттоҳзода Саидмурод бошад аз 22 январи соли 2014 ёрдамчии президент оид ба масъалаҳои рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеа таъин гардид. Аз моҳи декабри соли 2014 инҷониб муовини якуми раиси ҲХДТ мебошад.