Раҳмон унвонии Амири Қатар барқияи шодбошӣ ирсол намуда ӯро ба Тоҷикистон даъват кард

Раисҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон имрӯз ба унвони Амири давлати Қатар Шайх Тамин бин Ҳамад Оли Сонӣ барқияи табрикотӣ ирсол намуд
Sputnik

ДУШАНБЕ, 13 дек — Sputnik. Бар хабари котиботи раисҷумҳури Тоҷикистон, имрӯз Эмомалӣ Раҳмон унвонии Амири давлати Қатар барқияи табрикотӣ ирсол намуд.

Суҳбати дӯстонаи Эмомалӣ Раҳмон бо Владимир Путин дар зодрӯзаш

Ба иттилои манбаъ, кишвардори Тоҷикистон дар барқияи табрикотӣ аз 25 соли муносибатҳои дипломатӣ миёни Тоҷикистон ва давлати Қатар изҳори хушнудӣ намудаст.

"Аълоҳазрат, бо камоли сарфарозӣ Шуморо ба муносибати биступанҷумин солгарди истиқрори муносибатҳои дипломатӣ байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Давлати Қатар самимона табрику муборакбод менамоям", - омадааст дар хабар.

Эмомалӣ Раҳмон ба  густариши минбаъдаи ҳамкориҳои судманди байни давлатҳо ва ҳамзамон таъмини зиндагии осоиштаи тоҷикистониён ва шаҳрвандони Қатар муҷаддадан таъкид намудаст.

Шукурҷон Зуҳуров бо Амири Давлати Қатар Шайх Тамим гуфтугу  анҷом дод

Зимнан раисҷумҳури Тоҷикистон ба Амири давлати Қатар сиҳатии комилу муваффақиятҳои нав ба нав таманно намуда, ӯро ба Тоҷикистон даъват намуд.

Ҳамчунин  Амири Давлати Қатар Шайх Тамим бин Ҳамад Оли Сонӣ низ унвонии президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон барқия ирсол намудаст:

"Мо дар робита ба муносибатҳои ду давлат, ки ба шарофати талошҳои муштараки мо шоҳиди рушди бемайлон мебошанд, изҳори қаноатмандӣ намуда, азми худро ҷиҳати идомаи кору ҳамкорӣ бо Шумо ба хотири дастгирӣ ва таҳкими он дар арсаҳои мухталиф, ки ба нафъу суди мардумони бо ҳам бародари мо хоҳад буд, таъкид менамоем", - омадааст дар табрикоти Амири давлати Қатар.