Варзишгарони навраси тоҷик аз Қазоқистон як медали нуқра ва ду биринҷӣ оварданд

Муаллифи медали нуқра Шеравлё Исоқов маҳсуб мешавад. Ду медали биринҷии дигаро Билол Ҳабибулозода ва Фаррух Ҷобиров ба гардан овехтан
Sputnik

ДУШАНБЕ, 12 дек — Sputnik. Дар шаҳри Нурсултони Ҷумҳурии Қазоқистон мусобиқаи байналмилалӣ оид ба гӯштини ҷудо миёни наврасон доир гардид, хабар медиҳад сомонаи Варзиш.

Дар Душанбе мусобиқаи куштии миллӣ доир мегардад

Ба иттилои манбаъ, Тоҷикистонро 5 варзишгари наврас таҳти роҳбарии Ҷамшед Ҳалилов муаррифӣ намуданд.

Мусобиқаи мазкур бо ширкати зиёда аз 300 паҳлавони навраси кишварҳои Қазоқистон, Қирғизистон, Узбакистон, Туркманистон ва Русия рӯзҳои 7-8-уми декабр дар пойтахти кишвари Қазоқистон барпо шуд.

Куштигирони тоҷик дар Қирғизистон ду медал гирифтанд

Ҷамшед Ҳалилов паҳлавонони навраси тоҷикро ба мусобиқаи навбатӣ роҳбалади намуд, ки онҳо тавонистанд бо 1-нишони нуқра ва 2-биринҷӣ ба Ватан баргарданд.

Муаллифи медали нуқра дар вазни то 35 кг Шеравлё Исоқов маҳсуб мешавад. Ду медали биринҷии дигаро Билол Ҳабибулозода ва Фаррух Ҷобиров ба гардан овехтан.