Толибон манотиқи Шуғнони Афғонистонро муҳосира карданд

Шаби гузашта ҷангиёни ҳаракати Толибон ба минтақаи Шуғнони Афғонистон ҳамла оварданд ва қисмати зиёди ин манотиқи аҳолинишинро ишғол карданд
Sputnik

ДУШАНБЕ, 12 дек — Sputnik. Дар Афғонистон  феълан даргирии мақомоти амниятӣ бо ҷангиёни ҳаракати мамнӯи Толибон идома дорад, хабар медиҳад сомонаи "Интерфакс".

Музокироти сулҳи Толибон бо Амрико дар Қатар оғоз ёфт

Бар хабари манбаъ, ҷангиёни Толибон шаби дирӯз ба минтақаи Шуғнон, ки дар марзи Тоҷикистон ҷойгир аст, ҳамла оварданд.

Ба ҷангиёни Толибон муяссар гардидаст қисмати зиёди ин манотиқро забт кунанд. 

"Шаби гузашта Толибон ба минтақаи аҳолинишини Хуркати Шуғнон ҳамла карданд ва қисмати зиёди онро забт намуданд. Айни замон бархӯрди ҷангиёни Толибон бо мақомоти ҳифзи ҳуқуқи Афғонистон идома дорад", - гуфтааст муовини сардори минтақаи мазкур Абдулғафур Гардишӣ.

Вазъ дар шимоли Афғонистон шадид мешавад: Дӯстум бар зидди Толибон ҷанг эълон кард

Зимнан, субҳи рӯзи панҷшанбе котиботи  корпуси 217 - уми Артиши миллии Афғонистон "Помир" хабар дода буд, ки шаби гузашта неруҳои ҳавоии Афғонистон ба манотиқи Нусай чанд зарба партоб карданд, чун дар он ҷо ҷангиёни Толибон ҷамъ омада буданд.

Бар асари ҳамлаи ҳаво 12 ҷангӣ маҳв карда шуд, аз ҷумла саркардаи гурӯҳи Толибон дар манотиқи Бадахшон Қорӣ Самиуллоҳ низ безарар гардонда шуд.

Ҳалокати даҳ низомии афғон дар набард бо ҷангиёни Толибон

Ёдовар мешавем, ки манотиқи Нусайро ҷангиёни Толибон ҳанӯз моҳи ноябр ишғол намуда буданд ва ҳоло 80 дарсади ин минтақа дар тобеияти Толибон қарор дорад.