Парлумони Қирғизистон расман Отамбоев ва ҷонибдоронашро гунаҳкор эълон кард

Қаблан Комиссияи давлатӣ оид ба тафтиши ошӯбҳо дар Бишкек собиқ раисҷумҳури Қирғизистон Алмосбек Отамбоевро гунаҳгор намуда буд
Sputnik

ДУШАНБЕ, 12 дек — Sputnik. Парлумони Қирғизистон қарори комиссиюни давлатиро дар гунаҳкор кардани президенти пешини Қирғизистон Алмосбек Отамбоев дар бетартибии моҳи август дастгирӣ кард, хабар медиҳад РИА Новости.

Отамбоев гузаштан аз муоинаи равониро рад кард

Қаблан, Комиссияи давлатӣ оид ба тафтиши ошӯбҳо дар Бишкек Отамбоевро айбдор карда буд. Инчунин, аъзои комиссия бар ин назаранд, ки собиқ президенти кишвар бо роҳи зӯроварӣ нияти сари қудрат омаданро дошт.

Парвандаи нав: Отамбоев барои содир кардани боз як ҷинояти дигар гумонбар дониста мешавад

"Аз 120 нафар вакилон 87 нафар ба ҷонибдорӣ аз ин тасмим раъй доданд.Тибқи ин изҳорот роҳбарияти Кумитаи давлатии амнияти миллӣ ва Вазорати корҳои дохилии кишвар, "сарфи назар аз хатогиҳо ва иштибоҳҳо, тибқи меъёрҳои конститутсионӣ ва қонунгузории Қирғизистон амал намуданд", - омадааст дар хабар.

Ёдовар мешавем, ки моҳи августи соли равон мақомоти амниятии ин кишвар собиқ раисҷумҳури Қирғизистон Алмосбек отамбоевро дастгир намуд.

Боздошт гардидани Отамбоев 

Раисҷумҳури собиқи Қирғизистон  Алмосбек Отамбоев боздошт гардида, ӯро зери назорати маъмурини мақомоти интизомӣ ба Бишкек бурданд.

Алмосбек Отамбоев боздошт шуд

Гуфта мешуд, Отамбоев худаш ба маъмурини милитсия ба хотири он ки сокинони осоишта осеб наёбанд, таслим шудааст.  

Қаблан раисҷумҳури Қирғизистон Сооронбой Жээнбеков зимни ҷаласаи Жогурку Кенеш изҳор дошт, ки агар то ин дам Отамбоев барои бозпурсӣ ба ҳайси шоҳид даъват мешуд, ҳоло ба ӯ ҳамчун ба гумонбар дар содир намудани ҷинояти вазнин муносибат хоҳанд кард.

Шарти Отамбоев ва ваъдаи генерал – видеои музокироту таслимшавӣ

Зимнан Сооронбой илова намуд, ки дастандаркорони ноамниҳои ахир дар Қирғизистон ҳатман боздошт ва ҷазо дода мешаванд.

Ёдовар мешавем, ки амалиёти боздошти собиқ раисҷумҳури Қирғизистон давоми як шабонарӯз тӯл кашид.

Воҳидҳои таъиноти махсус ба бошишгоҳи собиқ раисҷумҳури Қирғизистон Алмосбек Отамбоев зада даромаданд.

Жээнбеков гуфт: Отамбоев дигар на ҳамчун шоҳид, балки гумонбар аст

Онҳо хостанд Отамбоевро боздошт кунанд, аммо тарафдорони собиқ президент монеъӣ амалиёти онҳо шуда, дар натиҷа миёни ҳар ду ҷониб тирпарронӣ сар зад, ки як нафар кушта барҷой гузошт ва  85 тани дигар ҷароҳат бардоштанд.

Феълан Отамбоев дар боздошт қарор дорад ва ӯро дар содир намудани чандин ҷиноятҳо гумонар медонанд.