Ҷопон 5 лоиҳа дар Тоҷикистонро маблағгузорӣ мекунад

Ҷопон ба маблағи 436 ҳазор доллар дар қаламрави Тоҷикистон наздики 5 лоиҳаро маблағгузорӣ хоҳад кард
Sputnik

ДУШАНБЕ, 11 дек — Sputnik. Имрӯз, 11 декабр дар қароргоҳи сафири Ҷопон дар Тоҷикистон маросими маросими имзои созишномаҳои муштараки панҷ лоиҳаи нав баргузор шуд.

Ҷопонӣ ба ҷои шӯравӣ: мошинҳои ёрии таъҷилӣ дар Тоҷикистон нав мешаванд

Созишномаҳои мазкур аз ҷониби сафири Ҷопон дар Тоҷикистон Такаюки Миясита ва намояндагони мақомотҳои пазирандаи кумакҳо ба тасвиб расиданд. Маблағи умумии грантҳо 435,940 доллари амрикоро ташкил медиҳад.

Гуфта мешавад бо кӯмаки Ҷопон дар ноҳияи Балҷувон ба маблағи 89,150 доллар маркази бонувон сохта мешавад. Инчунин ба маблағи 90,900 доллар барқарорсозии системаи хати гармии беморхонаи кӯдаконаи шаҳри Конибодом дар назар аст.

Ҷопон ба Тоҷикистон 90 адад мошини ёрии таъҷилӣ мефиристад

Гузашта аз ин айнан бо ҳамин миқдор маблағ барои беморхонаи марказии ноҳияи Ашт таҷҳизоти тиббии рентгени рақамӣ оварда мешавард.

Ҳамзамон дар ноҳияи Деваштиҷ ба маблағи 90,210 доллар бинои иловагӣ лар назди муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии № 59 сохта мешавад.

Барои касалиҳои чашми беморхонаи миллии "Шифобахш " - и шаҳри Душанбе ба маблағи 75, 680 доллар таҷҳизоти тиббӣ дастрас мегардад.

JICA дурнамои ҳамкориҳояшро барои солҳои 2018-2023 дар Тоҷикистон муаррифӣ кард

Бояд гуфт,  ки ҳукумати  Ҷопон  сар аз соли 1996 то инҷониб, кӯмакҳои бебозгашт барои бахши аъзами аҳолӣ ва амнияти башарӣ 406 лоиҳаро ба маблағи умумии 32.9 миллион доллар дар Тоҷикистон амалӣ намудааст.