Таркиш дар назди пойгоҳи ҳавоии Багром дар Афғонистон: 30 нафар сахт маҷрӯҳ шуданд

Бар асари таркиш дар назди пойгоҳи ҳавоии Багром дасти кам 30 нафар маҷрӯҳ гардиданд. Ҳамзамон манзилҳои истиқоматӣ, ки дар наздикии пойгоҳ ҷойгир буданд зарари калон диданд
Sputnik

ДУШАНБЕ, 11 дек — Sputnik. Дар таркиши интиҳорӣ назди пойгоҳи ҳавоии Багром дар музофоти Парвани Афғонистон дасти кам 30 нафар сахт маҷрӯҳ гардиданд, хабар медиҳад агентии  Pajhwok.

​Қаблан хабар дода шуд, ки таркиш дар натиҷаи мунфаҷир шудани мошини ҳомили маводи тарканда дар назди постгоҳи ҳавоии Багром рух дод. Вале баъдан маълум шуд, ки ҳадафи ҳамлагарон бинои бемористони навсохт, ки дар наздикии постгоҳ ҷойгир аст, қарор гирифт.

Зимнан, волии ноҳияи Багром иттилоъ додаст, ки таркиши мазкур боис ба ҷароҳат бардоштани 30 нафар гардид.

​Ёдовар мешавем, ки чанде қабл дар ғарби Афғонистон наздики бинои як бемористон таркиш рух дод. Бар асари ин ҳодиса 20 нафар ҷони худро аз даст доданд ва садҳо тани дигар ҷароҳатҳои вазнини ҷисмонӣ бардоштанд.