Тоҷикистону Амрико масоли терроризму ифротгароиро баррасӣ карданд

Вазири корҳои хориҷаи Тоҷикистон Сироҷиддин Муҳриддин зимни дидору гуфтугу бо муовини якуми ёвари Котиби давлатии Амрико масоили мубориза бо терроризму ифротгароӣ ва гардиши ғайриқонунии маводи мухаддирро баррасӣ карданд
Sputnik

ДУШАНБЕ, 11 дек — Sputnik. Бино бар иттилои дафтари матбуоти Вазорати корҳои хориҷаи Тоҷикистон, санаи 9 декабри соли равон мулоқоти Сироҷиддин Муҳриддин Вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон бо муовини якуми ёвари Котиби давлатии Амрико дар умури Осиёи Миёна ва Ҷанубӣ сафир Элис Уэллс баргузор гардид.

Департаменти Амрико Тоҷикистонро ба сафи кишварҳои барои сайёҳон хатарзо шомил намуд

Мулоқоти мазкур дар ҳошияи Конфронси 8-уми вазирони корҳои хориҷии “Қалби Осиё/Раванди Истанбул” зери унвони “Сулҳ, шарокат, шукуфоӣ” сурат гирифтааст.

Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон хабар додааст, ки зимни мулоқот тарафҳо доираи васеи масъалаҳои мавриди эҳтимоми тарафайнро баррасӣ карданд.

Аз ҷумла тарафҳо машваратҳои дуҷонибаи дарпешистодаи солона миёни вазоратҳои корҳои хориҷии ду давлат, мубориза бо терроризму ифротгароӣ ва гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир, таҳкими сарҳад ва ҳамкорӣ дар доираи абзорҳои минтақавиро мавриди муҳокима қарор доданд.