Пешсафии клуби баскетболи Душанбе: дар ҳафт бозӣ ғолиб омаданд

Марҳилаи аввали лигаи баскетболи Тоҷикистон бо пирӯзии клуби баскетболи “Душанбе” ба анҷом расид
Sputnik

ДУШАНБЕ, 11 дек — Sputnik. Баскетболбозони “Душанбе” дар ҳафт бозӣ ҳафт ғалаба ба даст оварданд ва бо 14 хол дар садри ҷадвал қарор доранд, хабар медиҳад Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон.

Таъсиси Лигаи баскетболи Тоҷикистон

Ба иттилои манбаъ, дастаи “Фойтун” бо фарқияти ду хол дар зинаи дуюм мавқеъ гирифт. Ин тими дар ҳафт бозӣ 5 ғалаба ба даст оварда, ду бозиро мусовӣ кард. “Diesel Power” бо 11 хол ҷои сеюмро ишғол мекунад.

Пирӯзии духтарони баскетболбози Бадахшон дар Қаҳрамонии ҷумҳуриявӣ - акс

Ёдовар мешавем, ки дар Лигаи баскетболи Тоҷикистон 8 даста иштирок доранд: "Душанбе", "Фойтун", "Diesel Power", "Легендҳо", "Зуҳро", "33", "DIS" ва "Беркут".

Бозиҳои марҳилаи дуюми Лигаи баскетболи Тоҷикистон 8 декабр оғоз мегардад. Дар ин рӯз "33" бо "DIS", "Душанбе" бо "Фойтун" ва "Беркут" бо "Легендҳо" вомехӯранд.