Пахтаро кӣ чиду туҳфаро кӣ гирифт: тақдими мошинҳо ба раисон барои иҷрои нақшаи пахтачинӣ

Раҷаббой Аҳмадзода, раиси вилояти Суғд дар як маросими тантанавӣ ба раисони шаҳру ноҳияҳои Конибодом, Ашт, Бобоҷон Ғафуров, Ҷаббор Расулов, Спитамен, Зафаробод ва Мастчоҳ барои иҷрои нақшаи пахтачинӣ мошин тақдим кард
Sputnik

ДУШАНБЕ, 11 дек - Sputnik. Санаи 10 декабри соли равон дар хиёбони ба номи Раҳмон Набиеви маркази вилоят бахшида ба ҷамъбасти мавсими ҷамъоварии пахта ҷамъомади тантанавӣ баргузор гардид, ки дар он Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода ва вазири кишоварзии Тоҷикистон Изатулло Сатторӣ иштирок намуданд.

Дар ин бора дафтари матбуоти ҳукумати вилояти Суғд хабар додааст.

Ҳунармандон ҳам ба пахтачинӣ: Аюбӣ ва се ҳунарманди дигар ба пахтачинӣ баромаданд - навор

Дар ҷамъомади таъкид гардид, ки дар натиҷаи тадбирҳои андешидашуда, ба ҳолати 1 декабри соли 2019 ҳаҷми умумии истеҳсоли маҳсулот дар ҳамаи шаклҳои хоҷагидории вилоят наздик ба 7,5 млрд. сомонӣ расид, ки дар муқоиса ба ҳамин давраи соли гузашта 108,9 фоизро ташкил мекунад.

Дар бахши пахтакорӣ бошад хоҷагиҳои пахтакори вилоят зиёда аз 129 ҳазору 438 тонна пахта ҷамъоварӣ намуда, ба корхонаҳои пахтатозакунӣ супориданд, ки ба 100,3 фоизи нақша баробар аст.

Иҷрои нақшаи солонаи пахтасупорӣ дар шаҳру ноҳияҳои Ашт 108,9 фоиз, Конибодом 105,3 фоиз, Бобоҷон Ғафуров 101 фоиз, Спитамен 101,8 фоиз, Ҷаббор Расулов 100,6 фоиз, Зафаробод 96,5 фоиз ва Мастчоҳ 95,6 фоиз таъмин карда шуд.

“Сипас, барои саҳмгузорӣ дар иҷрои нақшаи вилоятии истеҳсоли пахта, амалигардонии нишондиҳандаҳои пешбинишуда, таъмини иҷрои саривақтию сифатноки нақшаи истеҳсоли пахта ва дар ин замина мусоидат намудан дар амалигардонии рушди устувори соҳаи кишоварзӣ, шаҳру ноҳияҳои пахтакори вилоят бо автомашинаҳои хизматӣ сарфароз гардонида шуданд”, - таъкид намудааст манбаъ.

Ҳамин тавр раиси вилоят ба роҳбарияти шаҳру ноҳияҳои Конибодом, Ашт, Бобоҷон Ғафуров, Ҷаббор Расулов, Спитамен, Зафаробод ва Мастчоҳ калиди автомашинаҳоро тақдим кард.

Ҳамзамон, ба як қатор пешқадамони маъракаи пахтачинӣ Сипоснома ва туҳфаҳои хотиравии Мақомоти супорида шуд.