Дар Ёвон беш аз 45 ҳазор кӯдак аз муассисаҳои таълимӣ маҳруманд

Шуъбаи маорифи ноҳияи Ёвон эълон намудааст, ки аз 48 ҳазор кӯдаки аз 3 то 6-солаи ноҳияи Ёвон 45 ҳазору 707 нафараша аз муассисаҳои таълимӣ маҳруманд
Sputnik

ДУШАНБЕ, 11 дек - Sputnik. Аз 48 ҳазор  кӯдаки  аз 3 то 6-солаи ноҳияи Ёвон ҳамагӣ 2 ҳазору 293 нафар ба муассисаҳои томактабӣ ва марказҳои инкишофи кӯдак дар назди муассисаҳои таълимӣ ҷалб шуда, боқӣ 45 ҳазору 707 нафар аз чунин шароит маҳруманд.

"Мактаб - 2030": Директори Иҷроияи Бунёди Оқохон аз тарҳи нави таълимӣ хабар дод

Дар ин бора сомонаи рӯзномаи “Фараж” хабар додааст.

Тавре сармутахассиси шуъбаи маорифи ноҳияи Ёвон Раҳматулло Зубайдуллоев гуфтааст, фарогирии кӯдакони синни томактабӣ  ба кӯдакистонҳо ва марказҳои инкишофи кӯдак 4,5 дарсадро ташкил медиҳад.

Ба гуфтаи вай, 96,5 дарсади кӯдакони ноҳия аз муассисаҳои томактабӣ дуранд.

“Барои фарогирии пурраи  кӯдакон ба муассисаҳои томактабӣ 30 боғчаи дигар лозим аст. Ҳоло дар ҳудуди ноҳия 7 муассисаи томактабӣ бо фарогирии 1181 кӯдак фаъолият доранд. Ҳамчунин, дар назди 51 мактаб маркази инкишофи кӯдакон ташкил карда шудааст, ки ба онҳо 1112 нафар фаро гирифта шудаанд”, — гуфта аст  Раҳматулло Зубайдуллоев.