Бохти мунтахаби олимпии Тоҷикистон аз тими Малӣ

Ин аллакай дувумин бохти мунтахаби олимпии Тоҷикистон ба ҳисоб меравад. Чун дар бозӣ бо дастаи Чин низ футболбозони тоҷик мағлуб шуданд
Sputnik

ДУШАНБЕ, 11 дек — Sputnik. Тими мунтахаби олимпии Тоҷикистон (U-22) дар бозии дуюми хеш дар доираи мусобиқаи байналмилалии "CFA Team China W.O Cup International Football Tournament Zhuhai 2019" аз тими Малӣ  шикаст хӯрданд, хабар медиҳад сомонаи "Варзиш".

Мунтахаби олимпии Тоҷикистон ба Чин сафар кард

Бар хабари манбаъ, дастаи футболбозони Малӣ тими мунтахаби олимпиии Тоҷикистонро бо ҳисоби калони 3:0 мағлуб намуданд.

Рақибони мунтахаби олимпии Тоҷикистон маълум гардид

Ин аллакай дуюмин бохти мунтахаби тоҷикистон ба ҳисоб меравад. Чун дар бозии нахустини худ низ шогирдони Усмон Тошев аз тими Чин бо натиҷаи 2:1 дучори бохт шуда буданд.

Акнун дар даври ниҳоӣ футболбозони тоҷик санаи 14-уми декабр бо тими Сурия рақобат мекунанд. 

Мусобиқа аз рӯи системаи даврӣ дар як давр доир мегардад.