БМТ: CONTACT то 31 декабри соли 2020 ҳаққи хизматрасониро коҳиш дод

Низоми пардохтии CONTACT дар бораи коҳиш додани ҳаққи хизматрасонии маблағҳои интиқолӣ дар Тоҷикистон дар доираи Аксияе, ки аз 10 декабри соли 2019 то 31 январи соли 2020 идома меёбад, эълон кардааст
Sputnik

ДУШАНБЕ, 11 дек - Sputnik. Бино бар иттилои Шуъбаи матбуоти Бонки миллии Тоҷикистон, дар давраи амал кардани ин Аксия ҳаққи хизматрасонии муштариён барои фиристодани маблағ аз Русия ба Тоҷикистон  ва додани ин маблағҳо дар шакли нақд коҳиш дода шуда, 1 фоизи маблағи интиқолшударо ташкил хоҳад кард.

Оғози фаъолияти корти “Мир” дар Тоҷикистон

“Аксияи мазкур ба он интиқолҳое татбиқ мегардад, ки бо рубл, доллар ва евро фиристода шуда,  пардохти онҳо бо асъори фиристодашуда сурат мегирад”, - таъкид намудааст БМТ.

Манбаъ зикр намудааст, ки барои гирифтани маблағи интиқолшуда пешниҳод кардани ҳуҷҷати тасдиқкунандаи шахсият ва гуфтани рақами интиқол мутобиқи маълумоти ба фиристанда нишондода зарур мебошад.

Бонки миллӣ қайд намудааст, ки CONTACT яке аз он низомҳоест, ки саривақт ба Маркази протсессинги миллӣ пайваст шудааст. Қабул ва фиристодани интиқолҳои пулӣ тавассути CONTACT дар ҳамаи офиси бонкҳое, ки дар ҳудуди Тоҷикистон ба Марказ пайваст шудаанд, анҷом дода мешавад.