Аслов аз ҳалокати занону кӯдакон дар ҳамла ба постгоҳи Ишқобод гуфт

Вазири умури хориҷии Тоҷикистон Сироҷиддин Аслов барои маротибаи нахуст ҳамлаи мусаллаҳона ба ростгоҳи Ишқободро шарҳ дода, афзудаст, ки бар асари ҳамла занону кӯдакон низ ҷон аз даст доданд
Sputnik

ДУШАНБЕ, 11 дек — Sputnik. Маълумоти муфассал дар мавриди ҳамла ба гузаргоҳи Ишқобод дар марзи Тоҷикистону Узбакистонро Вазири умури хориҷии кишвар дар ҷаласаи ҳаштуми  Шӯрои ҳамкориҳои Иттиҳоди Аврупо ва Тоҷикистон изҳор дошт.

Ҷаласаи ҳаштуми шӯрои мазкур дар шаҳри Брюсел санаи 10 - уми декабр баргузор гардид.

Ҳуҷум ба дидбонгоҳи "Ишқобод": нақли аскари шоҳид

Қобили зикр аст, ки ҷаласа таҳти роҳбарии Вазири умури хориҷии Тоҷикистон Сироҷиддин Муҳриддин доир гашт. Ҳайати Иттиҳоди Аврупоро Горан Грлих Радман, Вазири умури хориҷӣ ва аврупоии Хорватия аз номи Хосеп Боррелл Фонтелес, намояндаи олии Иттиҳоди Аврупо оид ба корҳои хориҷӣ ва сиёсати амниятӣ роҳбарӣ кард.

Раҳмон озими нишаст шуд: ҳамла ба постгоҳи "Ишқобод" мавзӯи меҳварии ҷаласа мебошад

Зимнан, Аслов дар мавриди ташаннуҷи вазъият дар ҳамсоякишвари Афғонистон ва ҳамчунин ба чанд суоли хабарнигорон посух гуфт.

Аз ҷумла ҳамлаи мусаллаҳона ба постгоҳи Ишқобод мавриди таваҷҷӯҳи хабарнигорон қарор гирифт ва дар вобаста ба ин масъала аз вазири тоҷик шарҳи муфассал талаб намуданд.

Ба изҳори Сироҷиддин Аслов "гурӯҳи мусаллаҳи бистнафарӣ ба дидбонгоҳи марзии "Ишқобод"-и қисми ҳарбии "Султонобод" ҳамла карданд. Онҳо панҷ автомати Калашниковро ғасб намуда, дар натиҷаи амалиёти нирӯҳои вижа, ин гурӯҳ безарар гардонида шуданд.

"Панҷ нафар боздошт гардиданд ва феълан дар ҳабс қарор доранд. Сохторҳои ҳифзи қонун ҳам хисороти ҷонӣ диданд. Мутаассифона, террористон кӯдакону занонро барои анҷоми ин ҳамла истифода карданд. Бешубҳа, мо тамоми талошро кардем, ки кӯдаконро наҷот диҳем, аммо дар миёни мардуми кушташуда шуморе аз кӯдакону занон буданд. Онҳо ба мо интихоби дигар нагузоштанд," – шарҳ дод вазири умури хориҷии Тоҷикистон.​

Ёдрас мешавем, ки Қаблан гуруҳи террористии ДОИШ бо интишори баёнияе дар сомонаи Аъмоқ масъулияти ҳамлаи шаби 6 ноябр ба дидбонгоҳи “Ишқобод” ва куштани 10 тан аз низомиёни тоҷикро бар уҳда гирифтааст.

КДАМ: дар ҳамла ба дидбонгоҳи “Ишқобод” 9 мард, 11 зан ва 13 ноболиғ иштирок кардаанд
Мақомоти амниятӣ ва интизомии Тоҷикистон он замон эълон намуда буданд, ки шумори нерӯҳои ҳукуматии кушта шуда дар ин даргириро ду нафар ва талафоти муҳоҷимонро 15 тан эълом карда буданд. Аммо манобеи хабарии мустақил бо истинод ба маросими хоксупории ҷанозаи низомиёни кушташуда дар минтақаҳои мухталифи Тоҷикистон шумори талафоти марзбонони тоҷикро 6 нафар эълом кардаанд.

Қаблан мақомоти марзбонии Тоҷикистон бо нашри иттилоияи расмӣ хабар дода буданд, ки шаби 6 - уми ноябр як гурӯҳи 20-нафарии ниқобдор ба дидбонгоҳ дар марз бо Узбакистон ҳамла карданд, ки ба гуфтаи мақомот 15 ҳамлагар кушта шуда, 5 нафарашон боздошт гардиданд. ВУД Тоҷикистон хабар дод, ки 4 нафар дастгир шудаанд.