Шахси зиндадил: 18 соли роҳбарии Юрий Лужков - акс

Sputnik

Собиқ шаҳрдори Маскав Юрий Лужков имрӯз дар шаҳри Мюнхен аз олам чашм пӯшид. Лужков аз бемории қалб ранҷ мебурд ва чанде пеш пизишкони яке аз бемористонҳои Мюнхен қалби ӯро ҷарроҳӣ карданд,  вале ҷонашро аз марг наҷот дода натавонистанд.

Хабари нохуши реҳлати Лужковро шаҳрдори феъли Сергей Собянин низ тасдиқ намуд.

"Юрий Михайлович Лужков моро абадан тарк кард. Бисёр таассуфовар аст ,ки ин фарди зиндадилу пурэнерҷӣ, ки барои рушди Маскав ва беҳбуд бахшидани зиндагии сокинони пойтахт ранҷ кашида буд, моро тарк гуфт. Ба ҳамаи хешу пайвандони собиқ шаҳрдор изҳори тасаллият мекунам", - навиштааст Собянин дар сафҳаи худ дар Твиттер.

Юрий Лужков 21 сентябри соли 1936 дар хонаводаи коргар дар Маскав ба дунё омадааст.

Хонаводаи сиёсатмадор аз вилояти Твер будааст.

Даргузашти мири пешини Маскав Юрий Лужков

Фаъолияти худро дар шаҳрдорӣ Лужков аз 12 июни соли 1991 оғоз кардааст, вақте ба ҳайси муовини мири шаҳр интихоб шуд.

Лужков бештар бо фаъолияти раҳбарияш машҳур аст. Ӯ дар курсии мири шаҳри Маскав 18 сол нишаста буд.

Лужков аз соли 1992 то 28 сентябри соли 2010 мири шаҳри Маскав буд.

1 / 12
Раиси шаҳри Маскав Юрий Лужков дар Анҷумани VIII Ҳизби сиёсии "Русияи ягона".
2 / 12
Патриархи Маскав ва Русия Алексий II, раисҷумҳури Русия Владимир Путин ва шаҳрдори Маскав Юрий Лужков (аз чап ба рост) дар тантанаҳои расмӣ ба муносибати таҷлили Рӯзи шаҳр ширкат карданд.
3 / 12
Лужков ҳамроҳи ҳамсари худ Елена Батурина дар майдони пойга
4 / 12
Собиқ шаҳрдори Маскав Юрий Лужков ҳангоми муаррифии китоби "Россия дар чорроҳа ... Дэн Сяопин ва духтарони қадимаи "Монетаризм" дар Хонаи китобҳои Маскав дар Новый Арбат.
5 / 12
Юрий Лужков дар интихоботи шаҳрдори Маскав 7 декабри соли 2003 пирӯз шуд. Дар маросими тантанавии савгандёдкунии раиси шаҳри Маскав, кишвардори Русия Владимир Путин ширкат варзид.
6 / 12
Муовини сарвазир Валентина Матвиенко ва шаҳрдори Маскав Юрий Лужков дар ҷашни 80-солагии комсомол.
7 / 12
Юрий Лужков дар маросими ифтитоҳи Ҷашнвораи калони оби ҷав
8 / 12
Лужков дар маросими кушодашавии Ҷашнвораи панҷуми оби ҷав (5 - 13 ибли соли 2003).
9 / 12
Шаҳрдори Маскав Юрий Лужков ва ноиби раиси шаҳр Валерий Шансев дар Ҷашнвораи калони оби ҷав дар Лужники.
10 / 12
Юрий Лужков дар ҳамовозӣ бо сарояндаи машҳури рус Олег Газманов. Суруд дар бораи шаҳри Маскав.
11 / 12
22 сентябри соли 2016. Мири собиқи Маскав Юрий Лужков дар маросими супоридани мукофотҳои давлатӣ дар Кремл аз ҷониби Президенти Русия Владимир Путин.
12 / 12
Тақдими ҷоизаи "Меъмори шоистаи Русия" ба шаҳрдори Маскав аз ҷониби Борис Елтсин.