Путин ба Зеленский дар як аксбардории муштарак кумак кард - навор

Қабл аз оғози гуфтушуниди Норман раисҷумҳури Русия Владимир Путин ба ҳамтои худ Владимир Зелинский барои гирифтани акси муштарак кумак намуд.
Sputnik

Ин нишаст бо ширкати Владимир Путин раисҷумҳури Русия, Владимир Зеленский президенти Украина, Эммануэл Макрон кишвардори Фаронса  ва Ангела Меркел канслери Олмон  баргузор гардид.

Дар навор бараъло ҳувайдост, ки қабл аз оғози гуфтушунид раисҷумҳури Русия Владимир Путин ба Зеленский бо ишора гуфт, то барои акси муштарак гирифтанд сӯи дастгоҳҳои аксбардорӣ рӯй гардонад.

Пас аз гирифтани акси муштарак роҳбарони се кишвар ва канслери Олмон ба мулоқот шурӯъ намуданд.

Ёдовар мешавем, ки дирӯз дар Қасри Елисей дар Фаронса мулоқоти Путин бо Зеленский баргузор шуд. 

Дар нишасти "чаҳоргонаи нормандӣ" кишвардорони се давлат ва ҳамчунин канслери Олмон масоили аз қабили вазъ дар Донбасс, интиқоли гази Русия тавассути Украина, табодули маҳбусон байни Русия ва Украинаро баррасӣ карданд.

Аввалин гуфтугӯи телефонии Путин ва Зеленский бо ибтикори Киев 11 июл баргузор шуд. Дар ҷараёни сӯҳбат Путин ва Зеленский муноқишаро дар Донбасс ва додугирифти ашхоси боздоштшударо баррасӣ намуданд.