ДУШАНБЕ, 10 дек — Sputnik. Сарояндаи эстрадаи тоҷик Меҳрнигори Рустам соҳиби мукофоти байналмилалӣ "Содружество дебютов" (Иттиҳодияи нахустнамоишҳо) дар кишварҳои ИДМ шуд.
Дар ин бора Меҳрнигор дар саҳиффаш дар Imstagram хабар додааст.
"Боз соҳиби як ҷоизаи байналмилалӣ гаштам. Шукронаи Аллоҳ. Ташаккур ба модари азизам ва ба кулли ҳаводоронам. Кӯшиш мекунам то вақте ҳастам номбардори давлату миллати бузурги худ бошам", - навиштааст Меҳрнигор дар саҳифааш.
Дар баробари Меҳрнигор ҳашт намояндаи дигари соҳаи фарҳанги Иттиҳоди давлатҳои мустақил, ки саҳми назаррас доранд, соҳиби мукофот шудаанд.
Маросими ҷоизасупорӣ 9 декабр дар пойтахти фарҳангии ИДМ дар соли 2019 шаҳри Брест баргузор шуд.
Бояд гуфт, ки ҷоизаи байналмилалии "Содружество дебютов" соле як маротиба ба мутахассисони ҷавони то 35 сола дода мешавад.
Баҳси Меҳрнигору афғонҳо пас аз бозхонии суруди Аҳмад Зоҳир - видео
Дар муддати чандин сол ин ҷоизаро шоирон, пизишкон, муаллимон, олимон ва мутаххассисон дар соҳаи ҳифзи муҳити зист, варзишкорон гирифтаанд.
Овозхони ҷавон Меҳрнигори 25-сола ва яккасарои оркестри Кумитаи телевизион ва радиои назди Ҳукумати ҶТ, дар фаъолияти овозхонии худ борҳо соҳиби ҷоизаҳои мухталиф шудааст.
Аз ҷумла Меҳрнигор дар озмуни "Чуҷаи заррин" ва Ҷашнвораи сурудҳои халқӣ соҳиби Гран при шудааст.
Дар баробари ин овозхони ҷавон дорандаи нишони Бозиҳои Делфини Алмаато дар соли 2007 буда то кунун ду албом - "Тоҷикистон" ва "Шодиёна" - ро сабт ва пешкаши мухлисон кардааст.