Имрӯз дар Тоҷикистон обу ҳавои боронист

Маркази обуҳавошиносии Тоҷикистон эълон намудааст, ки имрӯз дар ҷумҳурӣ ҳаво абрнок шуда, боридани борон дар назар аст.
Sputnik

ДУШАНБЕ, 10 дек - Sputnik. Бино бар иттилои Ожонсии обуҳавошиносӣ, имрӯз  дар  шаҳри Душанбе ҳаво абрнок  шуда, борон меборад.  Ҳаво шабона 2+4 ва  рӯзона 14+16 дараҷа гарм мешавад.

Барфу борон: пешгӯии ҳавошиносони Тоҷикистон барои имрӯз

Дар шаҳру ноҳияҳои тобеи марказ ҳаво абрнок шуда, дар баъзе ноҳияҳо борон  меборад. Шабона  дар баландиҳои зиёда аз 1200 метр барф меборад.  Ҳаво  дар водиҳо  шабона 1+6  ва рӯзона 12+17  дараҷа гарм мешавад. Дар  ноҳияҳои кӯҳӣ ҳаво шабона аз 1 дараҷа хунук то 4  дараҷа гарм, дар баъзе ноҳияҳо то 6-11 дараҷа хунук ва  рӯзона аз 1 дараҷа хунук то 4  дараҷа гарм, дар баъзе ноҳияҳо то 5+10 дараҷа  гарм мешавад.

Дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ҳавои абрнок шуда, дар баъзе ноҳияҳо борон ва барф ба амал меояд.  Ҳаво дар ғарби вилоят шабона 3-8 дараҷа хунук ва  рӯзона  4+9  дараҷа  гарм мешавад. Дар  шарқи вилоят  ҳаво шабона 14-19, дар баъзе ноҳияҳо то 23-28 дараҷа хунук ва рӯзона  3-8 дараҷа хунук мешавад.

Ҳаво дар вилояти Суғд абрнок шуда, дар баъзе ноҳияҳо борон меборад.  Туман мефарояд. Ҳаво дар водиҳо шабона 1+6 ва рӯзона 6+11 дараҷа гарм мешавад. Дар ноҳияҳои кӯҳӣ ҳаво шабона 0-5 дараҷа хунук  ва   рӯзона    3+8 дараҷа гарм мешавад.

Дар вилояти Хатлон  ҳавои абрнок  дар назар  буда, борон меборад.  Туман мефарояд. Ҳаво дар водиҳо шабона 3+8  ва рӯзона 11+16  дараҷа гарм мешавад. Дар  доманакӯҳҳо ҳаво шабона 1-6  ва рӯзона 10+15 дараҷа гарм мешавад.