ДУШАНБЕ, 10 дек — Sputnik. Ҳарчанд қаҳрамони олимпӣ дилшод Назаров бо гумони истифода намудан аз маводи манъшудаи допинг аз ҳаққи иштирок дар қаҳрамонии ҷаҳон маҳрум гардид, вале барои Тоҷикистон Назаров қаҳрамон буд ҳаст ва хоҳад монд.
Нарзуллоҳи Латиф: Дилшод Назаров метавонад аз бозиҳои олимпӣ дар соли 2020 маҳрум шавад
Зимнан, худи варзишгар низ изҳор намуда буд, ки агар ин масъала дар IAAF ва CAS баррасӣ шавад, ба ҳимояи худ омода аст.
Аммо ин ҳолат ба дубора беҳтарин дониста шудани ӯ дар навъи варзиши сабук монеъа эҷод карда натавонист.
Гузашта аз ин Федератсияи варзиши сабук мақоми дуюмро ба Гулсумбӣ Шарифова дод, ки номбурда дар давидан ба масофаҳои 200 ва 400 метр рекордҳои нави Тоҷикистонро гузошт.
Дилшод Назаров аз Қатар ба Душанбе баргашт
Кристина Пронженко низ дар давидан ба масофаҳои 400 метр ва 400 метр бо монеъаҳо рекордҳои нави миллӣ гузошта, шомили рӯйхати беҳтаринҳои федератсия дар соли 2019 гардид.