Вохӯрии полковник Бухоризода бо хонандагони мактаби Президентӣ

Бухоризода оид ба татбиқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд"
Sputnik

ДУШАНБЕ, 9 дек - Sputnik. Хадамоти пешгирии ҳуқуқвайронкунӣ дар байни ноболиғон ва ҷавонони ВКД дар Литсей-интернати Президентӣ бо хонандагон, падару модарон дидору мулоқот карданд.

Бино ба гузориши Вазорати умури дохила, дар ин вохӯрӣ сардори Хадамоти мазкур, полковники милитсия Мансур Бухоризода баромад намуда, оид ба татбиқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд" бори дигар таъкид намуд.

Супоришҳои Ғоиб Бухоризода ба милисаҳои ВМКБ

Ӯ қайд кардааст, ки иҷрои қонуни мазкур аз ҷониби масъулини мактабу маориф, падару модарон ҳатмӣ буда, ҳар як волидайн дар таълиму тарбияи насли наврас масъулияти бештареро бояд бар дӯш гиранд.

Маҳз тарбияи дуруст, бо илму дониш фаро гирифтани насли ояндасози миллат ва ба роҳи рост ҳидоят кардан метавонад онҳоро сари вақт аз роҳи хатову кирдорҳои бадахлоқона эмин дорад.

Дар ин дидор гуфта шудааст, ки таълиму тарбияи насли наврас яке аз вазифаҳои асосӣ ба шумор рафта, ҳар як волидайнро водор месозад, то назоратро аз болои онҳо пурзӯр намуда, ба фориғболӣ, ҳамроҳ нашудан ба ҳар гуна гуруҳҳои тундраву ифротгаро роҳ надиҳанд.

Ҳамчунин волидон мебояд кӯшиш кунанд, то аз шабгардиву оворагардӣ, тамошои ҳар гуна филмҳои ғайриахлоқӣ, истифодабарии телефонҳои мобилӣ дар дарсҳо, гирифтани таълимоти ғайриқонунии динӣ, даст задан ба авбошиву нашъаҷаллобӣ фарзандонашонро пеҳшгирӣ кунанд.