ДУШАНБЕ, 9 дек - Sputnik. Вера Брежнева - ҳунарпеша ва овозхони машҳури Русия аз Тоҷикистон боздид кард. Ӯ ба ҳайси сафири СММ оид ба СПИД дар чорабинии вижае ширкат ва суханронӣ кард.
Дар ин бора ҳунарпеша дар саҳифааш дар Instagram хабар додааст. Ӯ дар аксҳо чапани атлас ба бар намуда дар ҷое ҳам дар даст чойнику пиёла доштааст.
"Чоруми декабр ман сафари муҳиме ба Душанбеи офтобӣ доштам - барои бори аввал ба ҳайси сафири СММ оид ба СПИД. Ба Душанбе дар бораи барномаамон #вопреки, нақл кардем, бо занон ва кӯдаконе, ки бо ин беморӣ ба сар мебаранд вохӯрдем ва қиссаҳои онҳоро шунидем. Ҳамчунин бо бонувони сиёсатмадори ин кишвар дидор кардему масъалаи занони беморро баррасӣ намудем", - навиштааст Брежнева.
Ӯ афзудааст, ки "бори дигар итминон пайдо кардам, ки якҷо мо метавонем ин эпидемияро рафъ созем".
Ман Стас Михайловро меписандам, зеро ба тоҷикон монанд аст
Вера Брежнева аз меҳмоннавозии тоҷикон ёдрас шуда навиштааст, ки "моро хеле гарм истиқбол карданд".
Даниел Рустамов бо овозаш Тимати, Фадеев ва Брежневаро шигифтзада кард
"Мо қарор кардем, ки ман ҳатман бо барномаи консертӣ ба Душанбе бозмеградам!".