"Пул надорад!” Дархости Зойиров аз Раҳмон дар бораи лағви гарави интихоботӣ

Раҳматулло Зойиров, раиси Ҳизби сотсиал—демократи Тоҷикистон аз раисҷумҳур Эмомали дархост кардааст, ки гарави интихоботиро лағв кунад
Sputnik

ДУШАНБЕ, 9 дек - Sputnik. Раҳматулло Зойиров зимни як муроҷиат ба раисҷумҳур тариқи сафҳаи фейсбукии худ хабар додааст, ки 15 моҳ ба ин сӯ бемор буд ва аз нав ба иҷрои вазифаҳои худ чун раиси ҲСДТ шурӯъ кардааст.

Ӯ гарави интихоботиро як мушкил ва лағви онро "эҳтиёҷоти фаврӣ" арзёбӣ мекунад.

"Дар давоми 10 соли охир ҲСДТ масъалаи бекор кардани ҳама гуна гарави интихоботиро беш аз 15 маротиба ҳамчун масъалаи мубрам матраҳ кардааст. Дар ҷаҳон ва ИДМ гаравпулии интихоботӣ барои номзадҳо ба вакилӣ аз ҳизбҳои сиёсӣ муқаррар нашудааст ва онро номзадҳои худпешбарӣ месупоранд, ки он ҳам дар миқёси ҳадди ақал муқаррар карда мешавад", - гуфтааст Раҳматулло Зойиров.

Интихоботи вакилони Маҷлиси намояндагон дар ду ҳавза – якмандатӣ ва ягонаи ҷумҳуриявӣ анҷом мешавад.

Арафаи интихобот: Президент теъдоди кормандони дастгоҳи КМИР ва мошинҳоро муайян кард

Маҷлиси намояндагон аз 63 вакил 41 нафар ё 65 фоиз аз ҳавзаи якмандатӣ ва 22 нафар ё 35 фоиз аз ҳавзаи ягонаи умумиҷумҳуриявӣ интихоб мешаванд.

Аҳзоби сиёсӣ барои ҳавзаи ягона ҳақ доранд то 22 номзад пешниҳод кунанд. Тибқи қонуни интихоботи Тоҷикистон, номзадвакили Маҷлиси намояндагон дар ҳавзаи якмандатӣ пеш аз сабти ном дар комиссияи ҳавзавии интихобот аз маблағи шахсии худ ба суратҳисоби Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсӣ ба миқдори 100 (сад) нишондиҳанда барои ҳисобҳо гарави интихоботӣ месупорад.

Ҳизбҳои сиёсие, ки рӯйхати номзадҳоро ба вакилии Маҷлиси намояндагон дар ҳавзаи ягонаи умумиҷумҳуриявӣ пешниҳод мекунанд, низ ба ин суратҳисоб сари ҳар номзади пешниҳодшуда 100 (сад) нишондиҳанда гарави интихоботӣ месупоранд.

Раҳматулло Зойиров мегӯяд, аҳзоби сиёсӣ дар ҳавзаи ҷумҳуриявӣ муваззафанд ба маблағи 5 ҳазору 800 сомонӣ, муодили ҳудуди 580 доллари амрикоӣ сари ҳар номзад гарави интихоботӣ пешниҳод кунанд.

"Ҳар ҳизб ҳақ дорад то 20 номзад аз ҳавзаи ягона пешниҳод кунад. Агар 10 нафар пешниҳод шавад – 58 ҳазор, агар 22 нафар - 127,600 сомонӣ бояд пардохт кунанд, ки ин ғоратгарӣ дар рӯзи равшан аст”, . мегӯяд Зойиров.

Тибқи қонуни интихоботи Тоҷикистон, ба номзаде, ки ҳадди 10 ва ҳизбе, ки ҳадди 5 дарсадро убур мекунанд, гарави интихоботӣ баргардонида мешавад.

Эмомалӣ Раҳмон бо судури як фармон рӯзи интихоботро дақиқ кард

Раиси ҲСДТ мегӯяд, дар Тоҷикистон "кормандони ростқавл, боирода, бовиҷдон ва донишманд иззату обрӯ, эътиқод ва дониши хуб доранд, аммо пул надоранд".

Ба қавли ӯ, азбаски комиссияҳои интихоботӣ раъйи воқеии ҳизби ӯро эълон намекунанд, гарави интихоботии он ҳам аз даст меравад.

4 декабри соли равон раисҷумҳури Тоҷикистон бо судури як фармон 1 марти соли 2020 – ро рӯзи интихоботи вакилони Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олӣ, маҷлисҳои вакилони халқи Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, вилоятҳо, шаҳри Душанбе ва шаҳру ноҳияҳои Тоҷикистонро таъйин кард.

Бархе аз аҳзоби сиёсӣ омодагии худро барои ширкат дар ин интихобот эълом намуданд.