Нишасти "чаҳоргонаи нормандӣ" дар Порис - пахши мустақим

Дар Қасри Елисей нишасти "чаҳоргонаи нормандӣ" бо ширкати раҳбарони Русия, Фаронса, Олмон ва Украина оғоз шуд
Sputnik

Ин нишаст бо ширкати Владимир Путин, Владимир Зеленский, Эммануэл Макрон ва Ангела Меркел баргузор мешавад.

Песков гуфт, кай Путин ва Зеленский як ба як вомехӯранд

Тибқи барномаи таҳрезигардида, нишасти "чаҳоргонаи нормандӣ" наздики се соат идома хоҳад кард.

Дар назар аст, ки дар ин нишаст ҳамаи чаҳор раҳбар баромад хоҳанд кард.

Дар баробари ин пас аз дидори чаҳоргона, дар Қасри Елисей нахустин бор Владимир Путин ва Владимир Зеленский дидор хоҳанд кард.

Путин дидгоҳаш дар бораи Зеленскийро тавзеҳ дод

Пештар Песков гуфта буд, кай Путин ва Зеленский як ба як вомехӯранд.

Ӯ гуфт, нахустин мулоқоти шахсии Владимир Путин ва Владимир Зеленский дар доираи нишасти "чоргонаи нормандӣ", рӯзи 9 декабр баргузор хоҳад шуд.