Муовини вазир: Қазоқистон омода аст сӯзишвории худро ба Осиёи Марказӣ содирот кунад

Муовини вазири энергетикаи Қазоқистон Асет Магауов, монеаҳои содироти маводи сӯзишворӣ ба кишварҳои Осиёи Марказӣ ва тақвияти ҳамкориҳои кишвараш бо дигар Осиёи Марказиро шарҳ дод
Sputnik

 

Содироти бензин аз чораҳои маъмурӣ доир ба назорати ҳамлу нақли ғайри шаффофи маводи сӯхт вобаста аст, таъкид намудааст муовини вазири энергетикаи Қазоқистон Асет Магауов дар суҳбат бо Sputnik Тоҷикистон.

Муовини вазир: Қазоқистон омода аст сӯзишвории худро ба Осиёи Марказӣ содирот кунад

 

Тобистон мо тасмим гирифта будем 50-80 тонн бензин дар як моҳ содирот кунем, аммо мутаасифона ба далели кам будани ҳаҷми ками захираҳои бензин танҳо 8-10 тонн содирот намудем. Ҳамон лаҳзае, ки қарор дар бораи манъи содироти маводи сӯхт тариқи мошинҳо содир, шуд ҳаҷми захираҳо низ ба таври назаррас афзоиш ёфт. Дар моҳи танҳо ноябр 80 ҳазор тонн ва дар моҳи декабр 100 ҳазор тонн фурухта шуд”, - гуфт Асет Магауов.

Тоҷикистон аз Туркманистон газу бензин мехарад

Вай инчунин, қайд кард, ки дар бораи содироти маводи сӯхт ба кишварҳои Осиёи Марказӣ дар соли 2020 пешгӯӣ кардан ғайри имкон аст.

Ҳамзамон вай таъкид доштааст, ки аз лиҳози логистикӣ барои Қазоқистон пеш аз ҳама кишварҳои ҳамсоя, аз ҷумла Тоҷикистон, Афғонистон ва Узбакистон  аҳмаияти бузург дорад.

Муовини вазир энергшетикаи Қазоқистон илова кард, ки Қазоқистон бензини худро ба кишварҳои Аврупо низ содирот мекардааст.