Қазоқистон назорати марзро баъд аз ҳамла ба дидбонгоҳи Тоҷикистон пурзур намуд - видео

Як моҳ пеш ба дидбонгоҳи “Ишқобод” дар марзи Тоҷикистону Узбакистон ҳамла сурат гирифт. Дар ҳамлаи мазкур дар баробари мардон занону кӯдакон низ иштирок доштанд. Маълум шуд, ки пас аз ҳамла мақомоти Қазоқистон чӣ чораҳо дидааст
Sputnik

Муовини раиси Кумитаи амнияти миллӣ, роҳбари Хадамоти марзбонии Қазоқистон Дархан Дилманов дар бораи ҳамкорӣ бо ҳамтоёни худ аз кишварҳои Осиёи Марказӣ  ва чораҳои пешгирифта баъд аз ҳамла ба дидбонгоҳи Тоҷикистон ибрози назар кард.

Ҳуҷум ба дидбонгоҳи "Ишқобод": нақли аскари шоҳид

А гуфтаи вай ҷониби Тоҷикистон ба Хадамоти марзбонии Қазоқистон тамоми маълумот  дар бораи ҳамла ба дидбонгоҳи “Ишқобод”-ро равон кардааст.  

“Мо аз ин ҳодиса, барои пурзур намудани амнияти нирӯҳои марзбонӣ чораҳо андешидем. Мо дар дидбонгоҳои мархӣ нирӯҳои иловагӣ ҷойгир намудем.  Инчунин, назорати тиру аслиҳаро, ки дар дидбонгоҳҳо ҳаст пурзур намудем”, - гуфт Дилманов.

Вай таъкид кард, ки ҳамла ба дидбонгоҳи “Ишқобод”, ки санаи 6 ноябр сурат гирифт, ногаҳонӣ набудааст.

Ба гуфтаи Дилманов ин амалҳои ҷангҷӯён аз тарафи хадамотҳои махсуси Осиёи Марказӣ таҳқиқ шуда буд. Ба гуфтаи вай, ин ҳамла ба сабаби солҳои ахир авҷгирии терроризм ва экстремизми динӣ сурат гирифтааст.

“Ба ҳамин хотир, нирӯҳои амниятӣ бояд ҳамеша ба ҳамин гуна амалҳои террористӣ бояд омода бошанд”, - зикр кард ӯ.