Хоҷаев узви Шӯрои таҳлилгарони ёдгориҳои фарҳангии ИДМ интихоб гардид

Намояндаи Тоҷикистон Шералӣ Хоҷаев сардори шуъбаи ҳифз ва истифодаи мероси таърихию фарҳангии Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон узви ин Шӯрои таҳлилгарони ёдгориҳои мероси манқул ва ғайриманқули таърихию фарҳангӣ ва табиии ИДМ
Sputnik

ДУШАНБЕ, 7 дек - Sputnik. Дар шаҳри Маскав Конгресси байналмилалӣ зери унвони "Мероси умумиҷаҳонии давлатҳои ИДМ: фарҳанги моддӣ ҳамчун манбаи тараққиёт, тақвияти ҳамкорӣ ва гуфтушунид" баргузор гардид.

Тавре Вазорати фарҳанги Тоҷикистон хабар медиҳад, ҳамоиш бо ташаббуси Вазорати фарҳанги Русия ва Пажӯҳишгоҳи илмӣ – тадқиқотии фарҳангӣ ва осори табиии ба номи Д.Лихачев доир гардидааст.

Расулзода мудири ЮНЕСКО-ро ба ҷашни Саразм даъват кард

Дар Конгресси мазкур намояндагон аз Тоҷикистон, Қазоқистон, Озарбойҷон, Арманистон, Беларус, Молдова, Русия ва Дафтари ЮНЕСКО дар Русия ширкат доштанд.

Тоҷикистонро дар конгресс сардори шуъбаи ҳифз ва истифодаи мероси таърихию фарҳангии Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон Шералӣ Хоҷаев намояндагӣ намудааст.

Бино ба иттилои манбаъ, зимни Конгресси мазкур ҷаласаи интихобӣ гузаронида шуда, аъзои Шӯрои таҳлилгарони ёдгориҳои мероси манқул ва ғайриманқули таърихию фарҳангӣ ва табиии ИДМ интихоб гардидаанд.

"Аз миёни иштироккунандагони узви ИДМ намояндаи Тоҷикистон - сардори шуъбаи ҳифз ва истифодаи мероси таърихию фарҳангии Вазорати фарҳанги ҷумҳурӣ Шералӣ Хоҷаев узви ин Шӯро интихоб гардид", - омадааст дар хабарнома.
Хоҷаев узви Шӯрои таҳлилгарони ёдгориҳои фарҳангии ИДМ интихоб гардид

Ба андешаи иштирокдорон, дар Тоҷикистон 3413 адад ёдгории таърихию фарҳангӣ мавҷуд буда, аз аслият ва қадимияти миллати куҳанбунёди тоҷик шаҳодат медиҳанд.

Ҳамчунин дар идомаи кори Конгресс мизи мудаввар оид ба «Ҳамкории байналмилалӣ бо давлатҳои ИДМ дар самти ҳифзи мероси таърихию фарҳангӣ ва табиӣ» баргузор гардид.

Сардори шуъбаи ҳифз ва истифодаи мероси таърихию фарҳангии Вазорати фарҳанг Шералӣ Хоҷаев доир ба масъалаи зикргардида ҷиҳати ҳифзу нигоҳдошт ва оммавигардонии ёдгориҳои таърихию фарҳангӣ ва табиӣ дар давраи соҳибистиқлолии мамлакат, инчунин ҷиҳати таҷлили ҷашни 5500-солагии Саразми бостонӣ, ки тибқи дастури Эмомалӣ Раҳмон дар соли 2020 пешбинӣ гардидаанд ва шуҳрати давлатамонро дар ҷаҳон афзун менамояд, маърӯза пешниҳод намудааст.