Ҳалокати даҳ низомии афғон дар набард бо ҷангиёни Толибон

Аснои задухӯрди мусаллаҳонаи мақомоти ҳифзи ҳуқуқи Афғонистон бо ҷангиёни Толибон дасти кам 10 низомӣ бо шумули роҳбари идораи пулис Муҳаммад Зоҳир кушта шуданд
Sputnik

ДУШАНБЕ, 6 дек — Sputnik. Бар асари даргирии шадид миёни ҷангиёни ҳаракати Толибон ва мақомоти амнияти Афғонистон, даҳ низомӣ кушта шуданд, хабар медиҳад шабакаи Tolo News.

Ҳуҷуми Толибон ба минтақаи ҳаммарз бо Тоҷикистон ба шикасти онҳо анҷомид

Бар хабари манбаъ, даргирӣ миёни ду қувва дар музофоти Қундузи Афғонистон ба вуқӯъ пайваст.

"Дасти кам 10 низомии афғон ва инчунин роҳбари дафтари пулис Муҳаммад Зоҳир дар ин даргирӣ ҷони худро аз даст доданд", - омадааст дар хабар.

Гуфта мешавад, мақомоти амнияти АФғонистон низ се силоҳбадасти Толибонро маҳв намуданд.

Чаро сулҳи Амрико ва Толибон ба таъхир афтод? Шарҳи Солеҳ Муҳаммади Регистонӣ

Зимнан, аъзои Шӯрои музофоти Қундуз Аҳлиддин Ҳакимӣ  афзудааст, ки даргирӣ шаби 5 - ум ба 6 - уми декабр дар навоҳии Соҳиб миёни низомиёни афғон ва ҷангиёни Толибон дар ҳоле рух дод, ки силоҳбадастон ду постгоҳи пулисро ба муҳосира гирифтанд.

Ҳакимӣ мегӯяд, меъдоди қурбониён аз 10 нафар бештар аст.

Ёдовар мешавем, ки чанде қабл низ дар шимоли Афғонистон зимни бархӯрди мусаллаҳона бо ҷангиёни Толибон шаш низомии афғон ба ҳалокат расиданд.