Нахустин сафари хориҷии Рустами Эмомалӣ: шаҳрдор дар Узбакистон чиро тамошо кард - акс

Sputnik

Шаҳрдори Душанбе Рустами Эмомалӣ бо сафари расмӣ озими шаҳри Тошканд гардида буд.

Тақдими пероҳани тими миллии Узбакистон ба Рустами Эмомалӣ

Ин нахустин сафари Рустами Эмомалӣ ҳамчун шаҳрдори Душанбе,  берун аз Тоҷикистон ба ҳисоб меравад.

Шаҳрдорони Душанбе ва Тошканд масъалаҳои татбиқи созишномаи роҳбарони ду пойтахт, ки моҳи марти соли гузашта ҳангоми сафари  Мирзиёев ба Тоҷикистон имзо шуда буданд, баррасӣ намуданд.

Гузашта аз ин, ҷонибҳо масъалаҳои ҳамкориҳои тиҷоративу иқтисодӣ, фарҳангӣ ва гуманитарӣ байни Душанбе ва Тошканд, инчунин тасдиқи барномаи ҳамкорӣ байни ду шаҳр барои соли 2020- ро мавриди муҳокима қарор доданд.

Баъди боздид аз Самарқанд Рустам Эмомоалӣ ба Душанбе баргашт - акс

Рустам Эмомалӣ ҳамзамон аз шаҳри Самарқанд боздид намуда, аз ёдгориҳои фарҳангӣ, зиёратгоҳҳо ва маҷмааҳои саноатии Самарқанд дидан кард.

Нахуст ҳайати шаҳри Душанбе ба маҷмааи Ҳазрати Хизр ва маҷмаа-мақбараи меъмории Имом Бухорӣ ташриф оварда, баъдан бо дигаргуниҳои шаҳр шинос шуда, дар бораи мутафаккирони бузурги сарзамини муқаддаси Самарқанд ва дар бораи саҳми онҳо дар рушди тамаддуни ҷаҳонӣ маълумот гирифтанд.

1 / 10
Рустами Эмомалӣ барои маротибаи нахуст ба ҳайси раиси шаҳри Душанбе озими Тошканд гардид.
2 / 10
Зимни сафари худ ба шаҳри тошканд Рустами Эмомалӣ бо ҳокими ин шаҳр Ҷаҳонгир Ортиқхуҷаев дидор ва мулоқот баргузор намуд.
3 / 10
Ҳокими шаҳри Тошканд ва раиси Кумитаи иҷроияи шаҳри Душанбе созишнома дар бораи фаъолияти муштарак барои солҳои 2020-2021 имзо карданд.

4 / 10
Имзои санадҳои ҳамкорӣ дар Тошканд
5 / 10
"Гашту гузор" - и Рустами Эмомалӣ дар шаҳри Тошканд
6 / 10
Рустами Эмомалӣ бо биноҳои нав дар пойтахти Узбакистон шинос шуд. Ба ӯ Қасри Humo Arena, Боғи Наврӯз, бинои нави шӯъбаи полиси ноҳияи Юнусобод, шаҳри Тошканд, ва осорхонаи хонум Тусса нишон доданд.
7 / 10
Рустами Эмомалӣ дар осорхона мазкур нусхаҳои раисҷумҳури Амрико Доналд Трамп, Елизавет II ва дигар ҳунармандони голливудро тамошо кард.
8 / 10
Аз шаҳри Тошканд раиси шаҳри Душанбе озими Самарқанд гардид ва оромгоҳи Ҳазрати Хизрро зиёрат кард.
9 / 10
Гузашта аз ин Рустами Эмомалӣ аз оромгоҳи нахуст раисҷумҳури Узбакистон Ислом Каримов дидан кард.
10 / 10
Рустами Эмомалӣ хотираи Ислом Каримовро эҳтиром кард ва дар қабраш дуо хонд.