ДУШАНБЕ, 5 дек — Sputnik. Дар як манзили коммуналӣ дар шаҳри Санкт - Петербург муҳоҷири тоҷик аз захми корд кушта шуд, хабар медиҳад "Невские новости" бо истинод ба маълумоти мақомоти ҳифзи ҳуқуқи ин шаҳр.
Манбаъ меафзояд, ба кормандони пулис як зан дар ҳолати ҳаяҷон занг зада гуфтааст, ки ҳамсари бадраш ҳамсояашро ба таври ваҳшиёна кушта аз ҷойи ҳодиса фирор кардаст.
Сафорат ба 140 муҳоҷир дар Боздоштгоҳи Маскав ройгон санади бозгашт ба Ватан дод
Гуфта мешавад, то расидани кормандони пулис ба ҷойи ҳодиса, муҳоҷири тоҷик аллакай аз зарби шадид корд ҷон дода буд.
Зимнан, аз ҷониби кормандони ҳифзи ҳуқуқ бошандагони ин бинои коммуналӣ мавриди бозпурсӣ қарор гирифтанд. Аснои санҷиши ҳуҷҷатҳо маълум гардидаст, ки онҳо дар ин хона бидуни сабти ном зиндагӣ мекарданд.
Хусумати миллӣ: боздошти 6 донишҷӯи Петербург, ки шаҳрванди Тоҷикистонро латукӯб карданд
Сомонаи "Известия.78" хабар медиҳад, ки муҳоҷири рӯ ба фирор ниҳодаро кормандони милитсия дар ноҳияи Адмиралский боздошт намуданд.
Феълан тафтишот аз рӯи ҳодисаи ба миён омада идома дорад.