Ворид гаштани 5500 солагии Саразми бостонӣ ба Феҳристи бузургдоштҳои ЮНЕСКО

Таҷлили 5500-солагии Саразми бостонӣ 12 сентябри соли 2020 ба нақша гирифта шудааст. Ҳамакнун ёдгории Саразм ба Феҳрасти бузургдоштҳои ЮНЕСКО ворид гардида шуд
Sputnik

ДУШАНБЕ, 5 дек — Sputnik. Ташаббусҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи таҷлили 5500-солагии Саразм ва 700-солагии шоири номдор Камоли Хуҷандӣ дар Конфронси кулли ЮНЕСКО, ки  12-28 ноябр баргузор гардид, бо иттифоқи оро ба рӯйхати  солгардҳои ЮНЕСКО пазируфта шуданд.

 

Ворид гаштани 5500 солагии Саразми бостонӣ ба Феҳристи бузургдоштҳои ЮНЕСКО

 

Дар ин бора Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон  хабар медиҳад.

Дар гузаргоҳи “Фотеҳобод” ва “Саразм” нуқтаҳои хизматрасонии милитсияи сайёҳӣ ифтитоҳ шуд

Таҷлили 5500-солагии Саразми бостонӣ 12 сентябри соли 2020 ба нақша гирифта шудааст.

Бояд таъкид намуд, ки бо Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии  Тоҷикистон аз 21 сентябри соли 2001 ёдгории Саразми шаҳри Панҷакент ҳамчун Маркази ташаккули тамаддуни кишоварзӣ, ҳунармандӣ ва шаҳрсозии тоҷикон– "Мамнӯъгоҳи таърихиву бостоншиносии Саразм" эълон гардида, 31 июли соли 2010 бо пешниҳоди Ҷумҳурии Тоҷикистон ин ёдгории нодир аз ҷониби  ЮНЕСКО ба феҳристи мероси фарҳангии умумибашарӣ ворид гардид.

Расулзода мудири ЮНЕСКО-ро ба ҷашни Саразм даъват кард

Қобили зикр аст, ки раисҷумҳури Тоҷикистон  Эмомалӣ Раҳмон борҳо аз Саразм боздид намуда буд ва бо дастури роҳбари давлат солҳои 2003-2008 панҷ ҳафриёти бостоншиносӣ дар мавзеи Саразм болопӯш шуданд.