Сӯхтор дар бинои Маркази тамаддуни исломӣ дар Узбакистон

Дар бинои сохтмонаш нотамоми Маркази тамаддуни исломӣ дар Узбакистон оташсӯзӣ сар задаст. Алангаи оташро 16 мошини оташнишон тавонистанд хомӯш кунанд
Sputnik

ДУШАНБЕ, 5 дек — Sputnik. Дар ноҳияи Алмазори шаҳри Тошканд дар қаламрави бинои нотамоми Маркази тамаддуни исломӣ сӯхтор сар задаст, хабар медиҳад идораи сӯхторхомӯшкунии шаҳри Тошканд.

Таркиш ва сӯхтор дар Андиҷон ҳашт касро ҷароҳатдор кард - акс

"Рӯзи 5 - уми декабр соати 16:38 дақиқа дар ноҳияи Алмазар, дар кӯчаи Заркайнар, дар ҳудуди Маркази навбунёди тамаддуни исломӣ, масолеҳи гармидиҳӣ ар масоҳати 150 метри мураббаъ оташ гирифт. Бинои навсохт осеб надид. Гурӯҳи сӯхторнишонӣ ба ҷойи ҳодисафавран ҳозир шуда соати  17:06  алангаи оташ хомӯш карда шуд", - омадааст дар хаӣар.

Тибқи маълумоти пешакӣ, бар асари сӯхтор ягон нафар осеби ҷиддӣ надиданд. Барои хомӯш кардани алангаи оташ 16 мошини сӯхторнишон ҷалб карда шуданд.

Усмонов ба Маркази исломии Узбакистон ба 8 миллион доллар китоб тақдим кард

Феълан сабаби сар задани сӯхтор ва ҳаҷми хисороти расида номаълум аст.