ДУШАНБЕ, 4 дек — Sputnik. Таркиш рӯзи 4 декабр дар яке аз манзилҳои баландошёнаи Андиҷон ба вуқӯъ пайвастааст, хабар медиҳад Sputnik Узбакистон бо такя ба Кумитаи тафтишотии ВКД ин кишвар.
"Дар натиҷаи таркиши гази худсохт сӯхтор ба амал омад, ки чаҳор манзилро фаро гирифт", - омадааст дар хабарнома.
Бино ба маълумоти пешакӣ дар паи таркиш ҳашт кас ҷароҳатдор шудааст. Хушбахтона дар паи ин қазия талафоти ҷонӣ ба қайд гирифта нашудааст.
Бар асари таркиши газ бинои истиқоматӣ фурӯ рехт - навор
Феълан дар ҷои ҳодиса гурӯҳи фаврӣ-тафтишотӣ кор карда талош дорад, сабабҳои аслии қазияро ошкор кунад.
Таркиш ва сӯхтор дар Андиҷон ҳашт касро ҷароҳатдор кард - акс