ДУШАНБЕ, 3 дек — Sputnik. Сарбози қаторӣ Абдураҳим Халилов зодаи деҳаи Оби Лурти ноҳияи Нуробод дар бораи ҳуҷуми шаби 6 ноябр ба "Ишқобод" ва марги ҳамхизматаш Абдуғанӣ нақл мекунад. Матн дар "Садои мардум" нашр шудааст.
"Лаҳзае, ки "бонги изтироб" шуд, ақрабаки соат 3:20 дақиқаи вақти маҳаллиро нишон медод, — қисса мекунад Абдураҳим.
— Шитобзада роҳро бастем ва бо амри фармондеҳ ба хандақ даромадем. Мунтазири пешомад будем. Панҷ-шаш дақиқа гузашт, ки мошинҳо намудор шуданд. Аз ҷониби ноҳияи Шаҳритус омаданд. Масофа то паноҳгоҳ на камтар аз сӣ метр буд. Капитан Мустафозода ҳамроҳи афсари дигар ба пешвози меҳмонони нохонда баромад. Нафаре аз мошин фаромаду гуфт:
- Роҳро кушоед, ба шумо кор надорем.
- Не, — гуфт Мустафозода, — аз мошинҳо фароед.
- Кӯдаки бемореро ба беморхона мебарем. Мошинҳо зану кӯдак доранд, — садо баланд кард марде, ки аз мошини аввал фаромад.
Ин лаҳза аз мошини дувум зане дар даст кӯдак поин шуд.
- Ҳама аз мошин фароянд, — аз нав омирона амр кард капитан.
Марди фаромада гумон кард, ки дар дидбонгоҳ ду посбон аст. Ӯ намедонист, ки мо дар муқобили онҳо сангар гирифтаем. Ба тарафи ду-се меҳмони аз ӯ дуртар рӯ гардонду бо овози баланд гуфт:
- Сар мекунем?
Капитан ва афсари ҳамроҳаш аз ҳарфи онҳо рамуз гирифтанду фаврӣ худро ба паноҳгоҳ партофтанд.
Болои сари мо борони тир рехт. Бо амри Мустафозода дастаи мо низ ба ҷанг даромад.
Мошини охиринро бачаҳо бо гранатамёт нобуд карданд. Мошини аввал аз тири мусалсали Абдуғанӣ аз кор баромад.
Капитан амр кард, ки ҷониби мошинҳои дар байнбуда тир напарронем, он ҷо занону кӯдаконанд.
Абдуғанӣ се маротиба ҷояшро иваз кард. Мардона наъра мезаду душманро бо мусалсалаш тирборон мекард.
Тираш тамом шуд. Лаҳзаи охир паҳлуи ман қарор дошт. Тирдонро иваз кард. Як зум атрофро оромӣ фаро гирифт. Абдуғанӣ оҳиста сар боло кард. Вазъро аниқ кардан мехост. Ҳамин лаҳза садои тир баланд шуд. Ӯ оҳиста нолиш карду ба даруни хандақ афтод…
Ҷанг тақрибан сӣ — сиюпанҷ дақиқа идома ёфт. Мо ду ҳамхизматро аз даст додем. Абдуғанӣ Давлатов зодаи Рашту Наимҷон Сайолимов аз ноҳияи Бобоҷон Ғафуров"....