Ҷашни дӯстдошта: Соли навро дар давраи ИҶШС чӣ хел пешвоз мегирифтанд? - акс

Sputnik

Аз рӯи анъана, рӯзи 31 декабр қариб ҳамаи шабакаҳои телевизионӣ филмҳои шуравиро пахш мекунанд: "Карнавалная ноч", "Ирония судбы, ва ё  С легким паром", "Чародеи" ва амсоли инҳо.

Оғози ороста шудани арчаи солинавӣ дар майдони “Дӯстӣ”-и пойтахт

Дар робита ба ин, Sputnik Тоҷикистон аксҳои нодиреро ҷамъоварӣ кардаст, ки дар онҳо тарзи пешвоз гирифтани ин ҷашн аз ҷониби бузургсолони даврони ИҶШС нишон дода шудааст.

Бо вуҷуди он ки, тарзи оростани ин ид, бахусус оро додани арчаи Соли навӣ  аз 40 - 50 соли пеш фарқкунанда аст, вале ҳомоно ҳаҷони қабл аз ҷашнгирӣ ва хурсандии кӯдакон то ба имрӯз омада расидааст.

Бобои Барфии тоҷикӣ ба даҳгонаи машҳуртарин Бобоҳои Барфии ИДМ ворид шуд

Дар аксҳои даврони Шӯравӣ низ қаҳрамонони ин ҷашн Бобои барфӣ ва Барфак чун ҳарвақта дар кӯчаҳои сербарфи Маскав қадамзанӣ мекунанд ва бо сокинон ва алалхусус кӯдакон сӯҳбат намуда, тӯҳфаҳои деринтизорро ба онҳо тақдим мекунанд.

Тасвирбаёни мо ба Шумо аз гашти оммавӣ дар майдонҳои калон, бинои дар арафи ид ороста шуда, бозорҳои арчафурӯши ва дигар аксҳои ҷолиби даврони Шӯравиро нишон медишад.

1 / 21
Қаҳрамонони асосӣ, ки бе онҳо Соли нав маънӣ надорад, - Бобои барфӣ ва Барфак дар купруки Калининский
2 / 21
Арчаи Соли навӣ дар назди Кремл ва кӯдакону меҳмонон дар атрофи он
3 / 21
Гулдухтарони соли 1977 дар арафаи ҷашн гирифтани иди Соли нав.
4 / 21
Бобоҳои барфӣ сайри кӯчаҳои Маскав доранд.
5 / 21
Фурӯши арча ва дигар бозиҳои Соли нав дар Гум- и Майдони Сурх.
6 / 21
Соли 1987, оилаи ҷавон аз бозори арчафурӯши баргаштанд.
7 / 21
Кӯдакон бо хурсандии том мағозаҳои бозичафурӯширо тамошо мекунанд.
8 / 21
Намоишҳои театрӣ дар кӯчаҳои Маскав, соли 1978
9 / 21
Кӯдакон барои хариди арчаи зиндаи Соли навӣ ба бозорҳои шаҳр омаданд.
10 / 21
Мағозаҳои кӯдакона бо шиорҳо ва ороишоти Соли навӣ ороста гардидаанд.
11 / 21
Майдони Лужники соли 1966, бозии кӯдакон дар болои ях.
12 / 21
Дастпарварони мактаби рақс дар болои ях назди Бобои барфӣ ва Барфак ҳунарнамоӣ доранд.
13 / 21
Арчаи асосии Соли навӣ дар майдони Кремл, соли 1968
14 / 21
Сӯҳбати Бобои барфӣ бо сокинони яке аз кӯчаҳои шаҳри Маскав, соли 1986.
15 / 21
Муборакбодии Бобои барфӣ, духтаре, ки дар ҳавзи "Маскав" шино кард.
16 / 21
Арчаи Соли навӣ дар назди мағозаи "Рубин", соли 1974
17 / 21
Сокинони Маскав дар арафаи ҷашн арчаи Соли навиро интихоб мекунанд, соли 1987.
18 / 21
Бобои барфӣ ҳамроҳи кӯдакон дар болои ях дар Чистий пруд, соли 1973
19 / 21
Рақси мудаввар дар ҷашни "Зимистони русӣ" дар Боғи фарҳангӣ ва фароғатии Люблин ба номи Ленин, 1983
20 / 21
Ҳайкалчаи барфӣ дар яке аз кӯчаҳои Перм, соли 1964
21 / 21
Бобои барфӣ ва Барфак дар роҳ духтарчаро бо ид табрик намуданд